Тоҷикистон дар озмун мағлуб гардид
Душанбе, 15 октябр. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ). — Дар толори консертии меҳмонхонаи «Космос»-и шаҳри Маскав озмуни 13-уми байналмилалии ҳофизони Қуръони маҷид доир гардид.Дар озмун намояндагони 34 кишвари ҷаҳон, аз ҷумла аз Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳофизи ҷавони Қуръон Мифтоҳиддин Исломзода иштирок карданд.Раиси Шӯрои муфтиёти Русия, президенти озмуни байналмилалии ҳофизони Қуръон дар шаҳри Маскав, муфтӣ Равил Ғайнуддин ва Раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон Сайидмукаррам Абдуқодирзода дар маҳфил иштирок ва суханронӣ карданд.Озмун дар ду давр баргузор гардида, аъзои доварон (аз Шоҳигарии Арабистони Саудӣ, Малайзия, Федератсияи Русия, Ҷумҳурии Туркия, Ҷумҳурии Яман) ба даври ниҳоӣ 7 нафар ҳофизони Қуръонро аз Арабистони Саудӣ, Кувайт, Миср, Тунис, Урдун, ИМА ва Яман сазовор донистанд.Аз ҷониби доварон намояндаи Тунис – Марзук Ҳуссем ғолиби озмун ва намояндагони Яману Кувайт сазовори ҷойҳои дуюму сеюм дониста шуданд.Дар ин бора аз Хадамоти матбуоти Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд.








«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






