Вазъи иҷтимоию иқтисодии ҷумҳурӣ

Октябрь 16, 2012 08:28

Душанбе, 16 октябр. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Маҷмӯаи гузориши ҳармоҳаи Агентии омори назди Президенти кишвар «Дар бораи вазъи иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз чоп баромад.Бояд тазаккур дод, ки гузориши мазкур дар асоси таҳлили маълумоти фаврии воқеӣ, аз ҷумла андозу буҷет, молия, бахшҳои хориҷӣ ва иҷтимоӣ, инчунин иттилооти мухтасар оид ба мамлакатҳои ИДМ-ро низ дар бар гирифтааст. Дар ин гузориши таҳлилӣ ҳамчунин дар асоси таснифоти умумии намудҳои фаъолияти иқтисодӣ (ТУНФӢ), ки бо меъёрҳои байналмиллалии таснифот мувофиқат мекунанд, маълумот дода шудааст.«Сарчашмаҳои асосии иттилоот барои гузориш маълумоти расмие мебошад, ки мақомоти омор аз корхонаҳо, ташкилот ва аҳолӣ бо усули фарогирии пурра ба воситаи тадқиқоти интихобӣ ва дигар шакли мушоҳидаи оморӣ ба даст овардаанд»,- иброз дошт масъули бахши кишоварзӣ, аъзои таҳриряи маҷмӯаи мазкур М.А. Абдуллоев ба мухбири АМИТ «Ховар».Дар гузориш инчунин маълумоти вазорату идораҳои ҷумҳурӣ, ки методологияи мувофиқашуда ва муқоисашаванда будани маълумотро дар сатҳи байналмилалӣ таъмин менамояд, ба ҳисоб гирифта шудааст.Гузориш барои мақомоти идораи давлатӣ, ташкилоти байналмиллалӣ, мутахассисони омор, иқтисод, кормандони илмӣ ва онҳое, ки ба маълумоти оморӣ дар бораи рушди иқтисод, саноат ва кишоварзии Тоҷикистон мароқ доранд, омода гардидааст.

Октябрь 16, 2012 08:28

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад