Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муҳоҷирати меҳнатӣ»

Ноябрь 2, 2012 16:09

Душанбе, 2 ноябр. (АМИТ «Ховар» Ибодат Давлатова).- Дирӯз дар Хадамоти муҳоҷирати назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи Қонуни Ҷумҳури Тоҷикистон «Дар бораи муҳоҷирати меҳнатӣ» бо иштироки намояндаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазорату идораҳои дахлдори ҷумҳурӣ, созмонҳои байналмилалӣ ва ғайридавлатӣ баррасӣ гардид. Тавре ки ба мухбири АМИТ «Ховар» аз маркази матбуотии Хадамоти муҳоҷират иттилоъ доданд, дар вохӯрӣ сардори Хадамоти муҳоҷират Сафиало Девонаев дар бораи раванди муҳоҷират дар ҷаҳон, истифодаи таҷрибаи кишварҳои пешрафтаи дунё дар бобати муҳоҷирати меҳнатӣ, забономӯзию касбомӯзии муҳоҷирони меҳнатӣ, зери назорати қатъӣ қарор гирифтани муҳоҷирон пеш аз сафар ба хориҷа, пешгирии ноболиғон ҳангоми сафар ба хориҷа, тақвияти омӯзишгоҳҳои касбию техникӣ, дуруст ба роҳ мондани низоми забономӯзию касбомӯзӣ дар тамоми ҷумҳурӣ ва таҳияи қонуни мукаммал, ки фарогирандаи тамоми паҳлуҳои муҳоҷирати меҳнатӣ бошад, таъкид намуд. Инчунин сардори Хадамоти муҳоҷират гуфт: «Муҳоҷирати меҳнатӣ имрӯз дар ҷаҳон ҳамчун мушкилот не, балки чун як раванди оддист, ки аксари давлатҳои ҷаҳонро фаро гирифтааст». Аз тарафи Хадамоти муҳоҷират пешниҳод гардид, ки бо мақсади танзими раванди муҳоҷирати меҳнатӣ ба хориҷа дар лоиҳаи қонун меъёре пешниҳод шавад, ки муҳоҷирони меҳнатӣ ба хориҷа бо мақсади фаъолияти меҳнатӣ бояд танҳо дар асосӣ роҳхати Хадамоти муҳоҷират раванд.

Ноябрь 2, 2012 16:09

Хабарҳои дигари ин бахш

ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд