Ҳашт кўчаи пойтахт табдили ном кард

Ноябрь 16, 2012 12:20

Душанбе, 16 ноябр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Дар иҷлосияи ёздаҳуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе қарорҳои марбута қабул гардиданд, ки тибқи онҳо ҳашт кўча дар пойтахт табдили ном кард.  Аз ҷумла, кўчаи Интернатсионалная ба номи ходими намоёни давлатӣ, раиси Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сафаралӣ Раҷабов, кўчаи Бауман ба номи Президенти Академияи илмҳои РСС Тоҷикистон Султон Умаров, кўчаи Проектная ба номи Президенти Академияи илмҳои РСС Тоҷикистон Муҳаммад Осимӣ, кўчаи Железняк ба номи Ҳофизи халқии РСС Тоҷикистон Ҳикмат Ризо, кўчаи Ватутин ба номи Ходими хизматнишондодаи санъати Тоҷикистон Хайрулло Абдуллоев, кўчаи Сеченов ба номи Ходими хизматнишондодаи санъати Тоҷикистон Дамир Дўстмуҳаммадов, кўчаи Фурманов ба номи Ходими хизматнишондодаи санъати Тоҷикистон Фаттоҳ Одинаев ва кўчаи Шўраксой ба номи вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе Исомиддин Соатов номгузорӣ шуданд. Ин иқдом бо мақсади абадӣ гардонидани хотираи неки шахсиятҳои шинохта ва тозаю беолоиш нигоҳ доштани забони давлатӣ амалӣ шудааст.

Ноябрь 16, 2012 12:20

Хабарҳои дигари ин бахш

ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад