Ҳашт кўчаи пойтахт табдили ном кард
Душанбе, 16 ноябр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Дар иҷлосияи ёздаҳуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе қарорҳои марбута қабул гардиданд, ки тибқи онҳо ҳашт кўча дар пойтахт табдили ном кард. Аз ҷумла, кўчаи Интернатсионалная ба номи ходими намоёни давлатӣ, раиси Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сафаралӣ Раҷабов, кўчаи Бауман ба номи Президенти Академияи илмҳои РСС Тоҷикистон Султон Умаров, кўчаи Проектная ба номи Президенти Академияи илмҳои РСС Тоҷикистон Муҳаммад Осимӣ, кўчаи Железняк ба номи Ҳофизи халқии РСС Тоҷикистон Ҳикмат Ризо, кўчаи Ватутин ба номи Ходими хизматнишондодаи санъати Тоҷикистон Хайрулло Абдуллоев, кўчаи Сеченов ба номи Ходими хизматнишондодаи санъати Тоҷикистон Дамир Дўстмуҳаммадов, кўчаи Фурманов ба номи Ходими хизматнишондодаи санъати Тоҷикистон Фаттоҳ Одинаев ва кўчаи Шўраксой ба номи вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе Исомиддин Соатов номгузорӣ шуданд. Ин иқдом бо мақсади абадӣ гардонидани хотираи неки шахсиятҳои шинохта ва тозаю беолоиш нигоҳ доштани забони давлатӣ амалӣ шудааст.








Байни Тоҷикистон ва Агентии ҳамкории байналмилалии Ҷопон Созишномаи грантӣ ба имзо расид
Бастаҳои «MIX»: интернети бисёр барои паёмрасонҳо, шабакаҳои иҷтимоӣ ва платформаҳои видеоӣ
БОТУЛИЗМ. Риоя нагардидани қоидаҳои санитарию гигиенӣ боиси пайдошавии ин беморӣ мегардад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад






