Ҷамъомади тантанавӣ ба ифтихори Иҷлосияи таърихӣ
Душанбе, 14 ноябр. (АМИТ «Ховар», Ибодат Давлатова).- 13 ноябри соли ҷорӣ дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо бахшида ба 20-умин солгарди Иҷлосияи 16-уми таърихии Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид. Дар чорабинӣ роҳбарият ва кормандони Дастгоҳи марказии Вазорати рушди иқтисод ва савдо, намояндагони Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва собиқадорони хизмати давлатӣ ва ҷамъиятӣ, иштирокчиёни иҷлосияи сарнавиштсоз ширкат варзиданд.Дар ҷамъомад иштирокчиён дар бораи аҳамияти таърихии Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олӣ дар низоми давлатдории навини тоҷикон, саҳми Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкими сулҳу субот дар кишвар мухтасар сухан гуфтанд. Инчунин оид ба нақши Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олӣ дар таърихи миллати тоҷик, ҳадафҳои баргузории ин иҷлосия, аҳамияти қарорҳои қабулкардаи он, барқарор намудани сулҳу созиш ва фаъол гардонидани шохаҳои ҳокимияти давлатӣ, сабабҳои дар шаҳри Хуҷанд баргузор гардидани он изҳори назар шуд. Дар анҷоми ҷаласаи тантанавӣ меҳмонон бо туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ шуданд.








«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






