Беш аз сад нафар кормандони милитсия бо хона ва қитъаҳои замин таъмин шуданд

Ноябрь 10, 2012 10:43

Душанбе, 10 ноябр. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ).- «Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки танҳо дар соли ҷорӣ аз ҷониби кормандони мақомоти корҳои дохилӣ 53 ҷиноят содир карда шудааст, ки қисми зиёди онро ҷиноятҳои хусусияти коррупсионидошта ташкил медиҳад», — тазаккур дод Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон 10 ноябр, зимни суханронии худ дар маҷлиси ботантана ба муносибати Рӯзи милитсияи тоҷик. Вай афзуд, ки ҳолати мазкур ба ҳамаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ хос буда, дар ин замина супориш дода мешавад, ки масъулини мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ҷиҳати баланд бардоштани савия ва дониши касбии кормандон, тарбияи онҳо дар рӯҳияи худшиносиву ватанпарастӣ, пешгирӣ намудани содиршавии ҳуқуқвайронкунӣ ва ҷинояткорӣ аз ҷониби кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва тоза намудани сафҳои мақомот аз шахсони тасодуфӣ ва аз нигоҳи рӯҳӣ ноустувор тадбирҳои пайвастаро амалӣ намоянд. Сарвари давлат таъкид намуд, ки: «Дар бисёр мавридҳо шабакаи интернет натанҳо чун воситаи алоқа, балки ҳамчун воситаи ҳамоҳангсозии амалҳои экстремистӣ ва террористӣ низ истифода мешавад. Бо вуҷуди ин, Ҳукумати Тоҷикистон ба ҳеҷ васила ҳуқуқи шаҳрвандонро дар масъалаи истифода аз шабакаи интернет маҳдуд карданӣ нест. Вале дар баробари ин, мақомоти ҳифзи ҳуқуқро зарур аст, ки бо мақсади таъмини манфиатҳои миллӣ доир ба пешгирӣ кардани содиршавии ҷиноятҳо тавассути интернет чораҳои муассирро амалӣ намоянд. Аз ин росто, ба Вазорати корҳои дохилӣ супориш дода шуд, ки якҷо бо мақомоти дахлдор масъалаи ташкили бахши алоҳидаи мубориза бар зидди ҷиноятҳои иттилоотиро дар сохтори вазорат мавриди омӯзиши ҳамаҷониба қарор дода, ба Ҳукумати кишвар пешниҳод манзур намояд». Президенти мамлакат аз ғамхориҳои давлату Ҳукумат нисбат ба мақомоти корҳои дохилӣ ёдовар шуда, гуфт, ки Танҳо дар давоми даҳ соли охир ҳаҷми маблағгузории мақомоти милитсия аз ҳисоби буҷети давлатӣ мунтазам афзуда, музди меҳнати кормандони мақомоти корҳои дохилӣ қариб 30 баробар ва иловапулӣ барои рутбаи кормандони милитсия 33 баробар зиёд карда шуд. Дар ин муддат садҳо нафар ва танҳо ҳамин сол беш аз сад нафар кормандони милитсия бо хонаҳои истиқоматӣ ва қитъаҳои замин таъмин карда шуда, зиёда аз 140 бинои маъмурӣ ва иншооти Вазорати корҳои дохилӣ бунёд ва таъмиру азнавсозӣ гардид. «Тавассути амалӣ намудани амалиётҳои густурда дар давоми даҳ соли охир 131 гурӯҳи муташаккили ҷиноӣ муайян, дастгир ва безарар карда шудааст. Дар ин давра зиёда аз 115 ҳазор ҷиноят ошкор карда шудааст, ки 40 ҳазори онро ҷиноятҳои вазнин ташкил медиҳанд. Илова бар ин, аз 47 амали террористӣ ва тахрибкории содиршуда 17 амал бевосита аз ҷониби мақомоти корҳои дохилӣ ошкор карда шудааст», — зикр намуд Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон.

Ноябрь 10, 2012 10:43

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
27 июл дар Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон ва Донишгоҳи славянии Тоҷикистон-Русия нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Донишгоҳи давлатии Бохтар ҳамкории байналмилалиро бо муассисаҳои хориҷӣ густариш медиҳад
Шаҳрвандон ва соҳибкорон тавассути ПОС – терминалҳо ва ҳамёнҳои электронӣ 3,7 миллион амалиёти ғайринақдӣ анҷом доданд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон чангу ғубор боқӣ мемонад
Имрӯз дар Донишгоҳи техникӣ ва Донишгоҳи аграрӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
24 июл дар Донишгоҳи техникӣ ва Донишгоҳи аграрӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Донишгоҳи давлатии тиббӣ ва Донишгоҳи давлатии омӯзгорӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
23 июл дар Донишгоҳи давлатии тиббӣ ва Донишгоҳи давлатии омӯзгорӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Дар ду басти истироҳатгоҳи «Дурахшон» 230 нафар кӯдакону наврасон ба фароғат фаро гирифта шуданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад