Бокс дар «Ҷавонон»

Ноябрь 20, 2012 14:09

Душанбе, 20 ноябр. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ).-Аз 21 то 25 ноябри соли равон ба хотираи Устоди варзиши собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ Маъруф Ҳусайнов ва Рӯзи Парчам дар маркази «Ҷавонон»-и шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд мусобиқаи кушоди ҷумҳуриявии бокс гузаронида мешавад.  Чорабинӣ миёни варзишгарони солҳои таваллуди 1997-1998 сурат мегирад ва варзишгарон дар вазнҳои 34, 36, 37, 39, 41, 43, 45, 49, 52, 55, 58, 64 ва 68кг қувваозмоӣ хоҳанд кард. Ҳамчунин тибқи иттилои бахши иттилоотии Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёхӣ варзишгарони навраси узви дастаи мунтахаби бахши бокси кишвар аз 20 ноябр то 4 декабри соли равон ба ҷамъомади машқиву варзишӣ дар шаҳри Кӯлоб фаро гирифта мешаванд.

Ноябрь 20, 2012 14:09

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1223 сомонӣ муқаррар шудааст
Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад