Боздошти корманди мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бо гумони нашъаҷаллобӣ
Душанбе, 13 ноябр. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Кормандони Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми гузаронидани амалиёти махсус дар ҳудуди сарҳади Қумсангири вилояти Хатлон бо Ҷумҳурии Исломии Афғонистон бо гумони даст доштан ба қочоқи маводи мухаддир шаҳрванди ҶИА Абдусалим валади Абдуқаюм ва як нафар корманди мақомоти ҳифзи ҳуқуқро боздошт намуданд. Аз маркази робитаҳои ҷамъиятии КДАМ ҶТ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, ки ҳангоми боздошт аз гумонбар 5 кг героин ва 4 кг ҳашиш бозёфт ва мусодира гардид. Инчунин ҳангоми тафтиши ҳуҷраи корманди боздоштшудаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар шаҳри Душанбе боз 5 кг дигар ҳероин дарёфт ва мусодира шуд. Ба иттилои манбаъ, ҳамчунин ҳангоми гузаронидани як амалиёти дигар дар ҳудуди «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе» сокини 35-солаи пойтахт Муҳаммад Маҳмадаминов бо гумони қочоқи маводи мухаддир боздошт шуда, ҳангоми азнаргузаронӣ аз номбурда қариб 1 кг ҳероин, ки мехост онро ба Русия интиқол диҳад, дарёфт ва мусодира гардид.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






