Бунёди мактаби нав
Қӯрғонтеппа, 2 ноябр. (АМИТ «Ховар», Мурод Сотиев). – 1 ноябр дар шаҳри Қӯрғонтеппа мактаби нави дуошёна ба истифода дода шуд. Тавре ки мутахассиси шӯъбаи иттилооту таҳлили маъмурияти вилояти Хатлон Баҳром Миров ба мухбири АМИТ «Ховар» хабар дод, бинои мактаб бо дастгирии молиявии маъмурияти шаҳри Қӯрғонтеппа ва Созмони байналмилалии «Наҷоти кӯдакон» — и Куриёи Ҷанубӣ сохта шуд. Барои сохтмони мактаби нав 1 миллиону 600 ҳазор сомонӣ сарф гардид. Мувофиқи суханони Баҳром Миров, мактаби нав 7 синфхона дошта ва барои 420 нафар хонандагон пешбинӣ шудааст.Худи ҳамон рӯз бинои нави мактаби рақами 35 – уми ноҳияи Бохтар мавриди истифода қарор гирифт, ки барои сохтмони он аз ҳисоби буҷаи вилояти Хатлон 920 ҳазор сомонӣ ҷудо карда шуда буд.








БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд






