Дастрасии муҳоҷирон аз «Муҳовараномаи тоҷикию русӣ»
Душанбе, 14 ноябр. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова). – Роҳбари намояндагии Хадамоти муҳоҷирати назди Ҳукумати ҶТ дар ФР Асрор Одинаев дар маросими муаррифии «Муҳовараномаи тоҷикию русӣ», ки 13 ноябр баргузор гардид, зикр намуд, ки ин мавод муоширати муҳоҷирони меҳнатӣ дар Русияро осон гардонида, имкон медиҳад, ки онҳо ба муҳити нави иҷтимоию фарҳангӣ зудтару беҳтар одат кунанд. «Муҳовараномаи тоҷикию русӣ» бо адади як ҳазору 500 нусха дарҷ гардида, онро намояндагии Муҳоҷирати ҶТ дар ФР байни муҳоҷирон ба таври ройгон паҳн мекунад.Дар ин бора аз дафтари матбуоти Хадамоти муҳоҷирати ҶТ дар ФР ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






