Духтарони ғоратгар
Душанбе, 30 ноябр. (АМИТ «Ховар», Фарзона Достонзод.)- 2 зан- сокинони кӯчаи Какановичи ноҳияи Ҳисор аз ҷониби кормандони милитсия ҳамчун гумонбар дар ғоратгарӣ дастгир шуданд. Тавре ки сомонаи ВКД хабар дод, ба ШВКД ноҳияи Ҳисор аз номи хазинадори маъмурияти мактаби таҳсилоти умумии №61-и ҳамин ноҳия Тошпӯлотов Бобоназар Эгамбердиевич, соли таваллудаш 1965 ариза ворид гардид. Бобоназаров тасдиқ намуд, ки рӯзи 28 ноябр аз «Амонатбонк»-и №10-и ноҳияи Ҳисор дар асоси чеки пулӣ барои пардохти маоши кормандони мактаби мазкур 19 хазору 127 сомонӣ гирифтааст. Тавре ки дар ариза омадааст, худи ҳамон рӯз дар бозори марказии шаҳри Ҳисор ба тариқи зӯроварӣ 2 нафар зан пулҳои дар дохили селофан бударо гирифта, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.Хангоми гузаронидани чораҳои фаврию ҷустуҷӯӣ шаҳрвандон Шаҳноза Каримова, соли таваллудаш 1990 ва Ситора Исмоилова, соли таваллудаш 1989 дастгир шуданд. Аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, тафтиш идома дорад.








БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби ин озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд






