Э. Раҳмон аз ҷумлаи 500 «мусулмони бонуфузи ҷаҳон» дониста шуд
Душанбе, 28 ноябр. (АМИТ «Ховар»). — Дар феҳристи «500 мусалмони бонуфузи ҷаҳон», ки Маркази салтанатии тадқиқоти стратегии исломӣ дар Уммон нашр намудааст, номи Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон низ шомил аст.Дар оѓози ин феҳрист номи Подшоҳи Арабистони Саъудӣ Абдулло ибни Абдулъазиз ва дар сатрҳои баъдӣ Сарвазири Туркия Раҷаб Тайиб Эрдоған, Роҳбари Љумҳурии Исломии Эрон Сайид Алӣ Хоманаӣ ва Шоҳи Марокаш Муҳаммади VI ҷой гирифтаанд.Феҳристи «500 мусалмони бонуфузи ҷаҳон» аз соли 2009 ба ин сӯ дар ҳамкорӣ бо Маркази Шоҳзода ал-Валид ибни Талол дар Донишгоҳи Ҷорҷ Тауни Амрико мунташир мешавад.Тавре ки дабири ин феҳрист профессор Абдулло Шлайфер иттилоъ додааст, 500 мусалмони бонуфузи ҷаҳон аз миёни уламои исломӣ ва раҳбарони давлатҳое, ки дар эътиқоду эътимод ва андешаҳои мусалмонон асар гузоштаанд ва ё барои беҳбуди вазъи иқтисодию иҷтимоъии мусалмонон хидмат кардаанд, ҳамасола интихоб мешаванд.Ба андешаи коршиносони умури сиёсию иљтимоӣ мавзеъгирии Эмомалӣ Раҳмон дар ҳимоят аз арзишҳои дини ислом ва интиқодҳояш аз мавридҳои исломситезӣ дар ҷаҳони Ғарб дар ҳамоишҳои байналмилалӣ, аз ҷумла, иҷлосияҳои Маҷмаъи Умумии СММ ва пуштибонии ӯ аз ҳалли мусолиматомези қазияи Афғонистону Фаластин ба шомил шудани исми ӯ ба ин феҳрист боис гардидааст.Ҳамчунин Бузургдошти 1310-умин солгарди мавлуди поягузори мазҳаби ҳанафӣ Имоми Аъзам ва дар сатҳи байналмилалӣ таҷлил шудани ин ҷашнвора боъиси маҳбубияти Тоҷикистон, аз ҷумла Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон, дар ҷаҳони ислом шуд».Ин ва дигар хидматҳои шоёни Эмомалӣ Раҳмон ба нафъи мусулмонони љаҳон аст, ки соли 2005 ў бо даъвати Подшоҳи Арабистони Саудӣ Абдулло ибни Абдулазиз ба дохили хонаи Каъба ворид шуда буд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






