Иди фарҳанги иристониҳо
Душанбе, 26 ноябр. (АМИТ «Ховар», Людмила Дубинина ). – Бо ибтикори Созмони ҷамъиятии «Иристон» дар Тоҷикистон чанде пеш дар шаҳри Душанбе бахшида ба таҷлили «Ҳафтаи Георгии Муқаддас» чорабинии фарҳангӣ таҳти унвони «Ҳифзи анъанот ва фарҳанги маънавии иристониҳо» баргузор гардид.Ин чорабинӣ ба манзури ҳифзи фарҳанги маънавию анъанавӣ ва забони иристониҳои сокини хориҷа, ҳамчунин арҷгузории фарҳанг, анъана ва расму оини ин мардум созмон дода шуд. Раиси Созмони ҷамъиятии «Иристон» Зарифа Гуссаова ва роҳбари маркази ҷавонони «Ирис» Қаҳрамон Каримов дар бораи расму оини иристониҳо, ҷашни «Ҳафтаи Георгии Муқаддас», таърихи Аланҳои бостонӣ — аҷдодони иристониҳо нақл карданд.Дар анҷоми чорабинӣ шеърҳои шоирони иристонӣ қироат шуда, консерти асбобҳои халқӣ баргузор гардид.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






