Кӯлоб 20- солагии Иҷлосияи 16-Шӯрои Олиро истиқбол гирифт
Душанбе, 14 ноябр. (АМИТ «Ховар», Фарзона Достонзода). –Дар саҳни Кохи фарҳанг ва ҳунари шаҳри Кӯлоб ба истиқболи Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Тоҷикистон намоиши ҳунарҳои мардумӣ ва дастовардҳои корхонаҳои мухталиф баргузор гардид. Шаҳрдори Кӯлоб Абдулғаффор Раҳмонов гуфт: «Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Тоҷикистон дар ҳаёти минбаъдаи мардуми кишвар дигаргуниҳои куллӣ ба бор овард. Маҳз дар ҳамин ҷо бо талошҳои ватандӯстонаи Раиси Шӯрои Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон заминаи сулҳи деринтизор барои миллат гузошта шуда ,дар дили мардум шуълаи умеду боварӣ ба фардои дурахшон пайдо шуд.Аз ин рӯ, мо бояд ба қадри ин суботи комил ва пешрафту шукуфои дар Ватани азизамон бирасем ва барои рушди Тоҷикистон саҳми худро гузорем».Дар чаҳорчуби истиқбол аз ин санаи фархунда маъракаву чорабинӣ ,конфронсҳои илмиву амалӣ ,суҳбату вохуриҳо бо вакилони вақти иҷлосия, ҳамчунин як қатор озмунҳо дар макотиби оливу миёна ,кӯчаву маҳаллаҳо баргузор шуданд. Ба ғолибони озмуни «Маҳаллаи беҳтарин» туҳфаҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб тақдим гардиданд. Тантанаи идона ба истиқболи Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб бо баргузории тӯйи хонадоршавии 4 ҷуфти навҷавон ва хатнасури 20 кӯдак аз оилаҳои камбизоат фарҷом ёфт, гуфт сухангӯи раиси шаҳри Кӯлоб Суҳробшоҳи Фаррухшоҳ.








ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад






