Кӯлоб 20- солагии Иҷлосияи 16-Шӯрои Олиро истиқбол гирифт

Ноябрь 14, 2012 15:42

Душанбе, 14 ноябр. (АМИТ «Ховар», Фарзона Достонзода). –Дар саҳни Кохи фарҳанг ва ҳунари шаҳри Кӯлоб ба истиқболи Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Тоҷикистон намоиши ҳунарҳои мардумӣ ва дастовардҳои корхонаҳои мухталиф баргузор гардид. Шаҳрдори Кӯлоб Абдулғаффор Раҳмонов гуфт: «Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Тоҷикистон дар ҳаёти минбаъдаи мардуми кишвар дигаргуниҳои куллӣ ба бор овард. Маҳз дар ҳамин ҷо бо талошҳои ватандӯстонаи Раиси Шӯрои Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон заминаи сулҳи деринтизор барои миллат гузошта шуда ,дар дили мардум шуълаи умеду боварӣ ба фардои дурахшон пайдо шуд.Аз ин рӯ, мо бояд ба қадри ин суботи комил ва пешрафту шукуфои дар Ватани азизамон бирасем ва барои рушди Тоҷикистон саҳми худро гузорем».Дар чаҳорчуби истиқбол аз ин санаи фархунда маъракаву чорабинӣ ,конфронсҳои илмиву амалӣ ,суҳбату вохуриҳо бо вакилони вақти иҷлосия, ҳамчунин як қатор озмунҳо дар макотиби оливу миёна ,кӯчаву маҳаллаҳо баргузор шуданд. Ба ғолибони озмуни «Маҳаллаи беҳтарин» туҳфаҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб тақдим гардиданд. Тантанаи идона ба истиқболи Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб бо баргузории тӯйи хонадоршавии 4 ҷуфти навҷавон ва хатнасури 20 кӯдак аз оилаҳои камбизоат фарҷом ёфт, гуфт сухангӯи раиси шаҳри Кӯлоб Суҳробшоҳи Фаррухшоҳ.

Ноябрь 14, 2012 15:42

Хабарҳои дигари ин бахш

ФАРДОИ ТОҶИКИСТОН ИМРӮЗ ДАР МАКТАБ АСТ. Андешаҳо дар ҳошияи суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Рӯзи дониш
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
DEEPFAKE ҲАМЧУН ТАҲДИДИ НАВИ АМНИЯТИ ИТТИЛООТӢ. Назари мутахассис дар ин мавзуъ
«МЕГАФОН ТОҶИКИСТОН»: Ду роҳи ҳал барои истифодабарандагони интернет
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
АМНИЯТИ ЗЕҲНИ СУНЪӢ ВА ДУРНАМОИ РУШДИ ОН ДАР ТОҶИКИСТОН. Мутахассис ин мавзуъро шарҳ медиҳад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Дар хоҷагиҳои шаҳри Ҳисор ҷамъоварии ҳосили пахта оғоз гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 33 дараҷа гарм мешавад