Кормандони Хадамоти муҳоҷирати ҶТ дар Русия мақоми дипломатӣ мегиранд
Душанбе, 29 ноябр. (АМИТ «Ховар», Музаффар Рустамов). Созишномаи мақоми ҳуқуқии намояндагиҳои хадамоти муҳоҷирати Русия дар Тоҷикистон ва Тоҷикистон дар Русия ба наздикӣ тавсиб хоҳад расид.Намояндагони Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон дар Русия ва намояндагони Хадамоти федералии Русия дар Тоҷикистон мақоми дипломатӣ мегиранд. Ин ба он маъност, ки онҳо ҳангоми иҷрои вазифаҳои худ ҳамчун як дипломат фаъолият мекунанд ва салоҳиятҳои онҳо боло бурда хоҳад шуд.Созишномаи дуюм, дар бораи сафарбаркунии муташаккилонаи шаҳрвандони Тоҷикистон барои амалӣ кардани фаъолияти корӣ дар Русия аст, ки бояд то таърихи 1-уми марти соли 2013 ба имзо расад.Дар ин бора ба АМИТ”Ховар” аз шуъбаи робита бо ҷомеаи Хадамоти муҳоҷирати назди Ҳукумати ҶТ иттилоъ доданд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






