Машқҳои муштараки зидди террористии Қувваҳои мусаллаҳи ҶТ ва ҶҚ
Душанбе, 20 ноябр. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова).-Тӯли 11 рӯз дар ҳудуди минтақаи Ромити шаҳри Ваҳдат машқҳои муштараки зиддитеррористии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳуриҳои Тоҷикистону Қазоқистон доир гардид.Дар машқҳои муштарак беш аз сад нафар хизматчии ҳарбии ҷузъу томҳои таъйиноти махсуси Қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистону Қазоқистон ширкат намуда, дар он яроқу аслиҳаи мухталифи сабуки оташфишони ҷангӣ истифода шуд.Тавре ки ба АМИТ «Ховар» аз маркази матбуоти Вазорати мудофиаи ҶТ хабар доданд, ҳадафи баргузории машқҳои муштарак ин тарҳрезии назару муносибати ягона дар ташкили амалиёти муштараки зиддитеррористӣ дар шароити куҳистон, ҳамоҳанг намудани фаъолияти ҷузъу томҳои дар он ширкаткунанда вобаста ба таъмини амният дар минтақа ва табодули таҷрибаомўзӣ дар таҳия, ташкил ва баргузории унсурҳои мухталифи зиддитеррористиро дар бар мегирифт. Машқҳои муштарак таҳти роҳбарии муовини фармондеҳи Қӯшунҳои зудамали Ҷумҳурии Тоҷикистон полковник Тоҳир Хайруллоев ҷараён гирифта, дар он беш аз даҳ унсури зиддитеррористӣ вобаста ба безараргардонӣ ва маҳви душманони шартӣ таҳррезӣ шуданд.








Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад






