Муҳоҷирати оилаҳои ҷавон танзим мехоҳад
Душанбе, 29 ноябр. (АМИТ «Ховар», Саидэҳсони Солеҳ),- Имрӯз дар конфронси «Нақши ҷавонон дар таҳкими сулҳу субот», ки аз ҷониби Маркази тадқиқоти стратегии назди президенти ҶТ баргузор шуд, масъалаи нақши ҷавонон дар таҳкими пешрафти кишвар, мушкилоти ҷавонон ва сохторҳои маҳаллии он мавриди мубоҳиса қарор гирифт. Дар нишаст мавзуъҳои «Нақш ва мавқеи ҷавонон дар рушди иқтисодиёти ҷумҳурӣ», «Масъалаҳои рушди ҶТ дар бахши муҳоҷирати меҳнатии беруна: мушкилот ва роҳҳои танзими он», «Ташаккули сиёсати давлатии ҷавонон дар ҶТ» ва ғайра мавриди баҳсу баррасӣ қарор гирифтанд. Баромадкунандагон гуфтанд барои нигаҳдошту дастгирии ҷавонони боистеъдод дар кишвар, рушди сиёсати ҷавонон, нагаравидани эшон ба ҳар гуна ҳаракатҳои тундрав, масъалаи танзими муҳоҷирати ҷавонон ва оилаи онҳо чораҳо дида шавад. Гуфта шуд, ки барои амали намудани он сохторҳои марбута чора бинанд. Аммо бисёре аз намояндагони Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати кишвар дар минтақаҳо вобаста ба барномаи худ ба мушкилоти соҳавияшон лаб во карданд. Онҳо мегуфтанд: барои баргузории чорабиниҳои вобаста ба масоили ҷавонон маблағгузорие, ки пешниҳод шудааст, кифоят намекунад. Бахусус А. Хоҷаев, роҳбари кумитаи ҷавонон дар Суғд гуфт, ки дар шаҳру навоҳии минтақаи онҳо ин омил зиёд ба назар намерасад. Ба гуфтаи ӯ дар барномаҳои соҳавии ҷавонон, хусусан дар ноҳияҳои Хуҷанд, Конибодом, Исфара, Зафаробод Масчоҳ, Шаҳристон маблағгузории кам ба назар мерасад, ки ин ба гузаронидани чорабиниҳо миёни ҷавонон мушкил пеш овардааст. Роҳбари Кумитаи ҷавонони ноҳияи Рӯдакӣ аз вуҷуд надоштани толори варзишии занона дар ноҳия шикоят кард, аммо роҳбари Кумитаи чавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳияи Турсунзода хоҳиши ба ҷавонони боистеъдод додани хонаҳои истиқоматиро авло донист.








Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд






