Мулоқоти Т.Салимов бо Д.Ҳертрампф
Душанбе, 21 ноябр. (АМИТ «Ховар», Назир Назиров ). — 19 ноябр дар шаҳри Душанбе мулоқоти раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Т.Салимов бо Сафири Олмон дар Тоҷикистон Дорис Ҳертрампф баргузор гардид. Дар ҷараёни мулоқот масоили қабули барномаи кории шартҳои созишномаи бахши иқлим то соли 2015, тарҳрезии ибтикороти мушаххас ҷиҳати коҳиш додани партовҳои гази гармхонаҳо аз давраи ҳозира то соли 2020 мавриди муҳокима қарор гирифта, ҳамчунин мавқеъҳои Олмону Тоҷикистон дар гуфтушунид оид ба вазъияти иқлим, ки аз 26 ноябр то 7 декабр дар шаҳри Дохаи Давлати Қатар баргузор мегардад, муайян карда шуданд.Дар ин бора аз Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати ҶТ ба Амит «Ховар» хабар доданд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард






