Мусодираи маводи нашъаовар
Душанбе, 29 ноябр. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова). – Кормандони мақомоти милисаи тоҷик дар шаҳри Душанбе қариб 5 килограмм маводи мухталифи нашъаоварро мусодира намуданд.Назар ба хабари сомонаи расмии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишвар, кормандони милиса зимни амалиёти фаврӣ дар ҳудуди ноҳияи Шоҳмансури пойтахт автомобили «Mercedes Benz» (Мерседес – Бенс) -ро дастгир карда, аз он қариб 2 килограмм ҳашиш ва 890 грамм тарёкро пайдо ва мусодира намуданд.Мувофиқи хабари манбаъ, ронандаи автомобили мазкур, сокини ноҳияи Ҳамадонии вилояти Хатлон, ки аз ин пеш ҳабс шуда буд, бо гумонбари қочоқи маводи нашъаовар дастгир гардид. Аз рӯи ин қазия парвандаи ҷиноӣ кушода, тафтишот идома дорад.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






