Муваққатан қатъ гардидани ҳаракати воситаҳои нақлиёт
Душанбе, 22 ноябр.(АМИТ “Ховар”, Марзия Саидова).- 24 ноябр аз соати 10.00 то соати 12.00 бинобар баргузории роҳпаймоии идонаи шаҳрвандон ба ифтихори Рўзи Парчами миллӣ ҳаракати нақлиёт дар хиёбони Рӯдакӣ(аз Маҷмааи давлатии «Кохи Ваҳдат» то чорроҳаи кӯчаи Бухоро), хиёбони Исмоили Сомонӣ(аз гардиши хиёбони Абӯалӣ ибни Сино), кӯчаҳои Шероз, Шотемур ва Фотеҳ Ниёзӣ қатъ мешавад. Дар робита ба ин шаҳрдории Душанбе аз ронандагони воситаҳои нақлиёт ва сокинони пойтахт даъват менамояд, ки тавассути кўчаҳои ҳамшафат ҳаракат намоянд. Бояд тазаккур дод, ки Рўзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар кишвар аз соли 2009 инҷониб таҷлил мешавад ва он ба иди ҳақиқии дўстиву рафоқат, ҳамдилию хамраъйӣ, худшиносии мардуми тоҷик, меҳру муҳаббат ва садоқат ба ватан табдил гардидааст. 9 сентябри соли 2011 дар маркази пойтахти кишварамон -шаҳри Душанбе, дар шафати Қасри миллат ба ифтихори 20-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маросими ботантана Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо баландии 165 метр парафшон гардид, ки баландтарин парчам дар ҷаҳон ба шумор рафта, дар китоби рекордҳои Гиннес дохил шуд. Имрўз майдони Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки шукуҳу шаҳомати хосса касб кардааст, ба макони сайругашт ва тафреҳи сокинону меҳмонони пойтахт табдил гардидааст.10.56.








Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
«ЧОДАРИ ХАЁЛ». Дар Душанбе Ҷашнвораи ҳаштуми байналмилалии театрҳои лӯхтак баргузор мегардад
DEEPFAKE ҲАМЧУН ТАҲДИДИ НАВИ АМНИЯТИ ИТТИЛООТӢ. Назари мутахассис дар ин мавзуъ
«МЕГАФОН ТОҶИКИСТОН»: Ду роҳи ҳал барои истифодабарандагони интернет
АМНИЯТИ ЗЕҲНИ СУНЪӢ ВА ДУРНАМОИ РУШДИ ОН ДАР ТОҶИКИСТОН. Мутахассис ин мавзуъро шарҳ медиҳад






