Нӯшдоруе,ки ҳатто саратонро даво мебахшад.

Ноябрь 15, 2012 17:23

Душанбе, 15 ноябр. (АМИТ «Ховар», Зарина Саидова).-Солҳои охир табибони тоҷик низ доруҳое ихтироъ менамоянд, ки барои саломатии одамон муфид буда, дар беморхонаҳо истифода мешаванд.Сайидвалӣ Аҳмадович Ҳикматов хатмкардаи Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино бо ихтисоси муолиҷавӣ мебошад.Фаъолияти меҳнатиро пас аз хатми донишгоҳ дар Беморхонаи клиникии шаҳрии рақами 9 ба ҳайси духтури муолиҷавӣ оғоз намуда,дар фаъолияти дорусозӣ ва табобат таҷрибаи зиёд дорад Аз соли 1997 то инҷониб дар вазифаи директори Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Авитсенна» фаъолият мекунад. Солҳои 2004 2005 дар Намоишгоҳи давлатҳои ИДМ ва Намоишгоҳи байналхалқи Ҷопон иштирок намуда, бо дипломи «Ихтироъкори беҳтарини Тоҷикистон» қадрдонӣ шудааст.Сайдвалӣ Ҳикматов дар Тоҷикистон чун беҳтарин табиб эътироф гардидааст ва муаллифи як силсила мақолаю асарҳои илмӣ мебошад. Ихтирои нӯшдоруи «Авитсенна» аз бозёфтҳои муҳими илмии ӯст. Хабарнигорамон Зарина Саидова бо ин табиби сермаҳсул мусоҳиба намуд. ——Мӯҳтарам Сайидвалӣ Аҳмадович, дар мавриди ихтироъ ва истеҳсоли нӯшдоруи “Авитсенна ” дар Ҷумҳури Тоҷикистон чанд сухан мегуфтед? ——Тоҷикистон ватани беҳтарин гиёҳҳои шифобахш аст. Мо низ аз ин гиёҳҳо истифода карда, барои табобати мардуми худ истеҳсоли давоҳои ватаниро ба роҳ мондем. Табобат бо гиёҳ беҳтарин ва арзонтарин табобат аст.——Дар ҷамъияти Шумо ба ҷуз аз нӯшдору боз кадом намуди давоҳо истеҳсол мешавад?——Соли дуюм аст, ки мо дар коргоҳи хеш истеҳсоли нӯшдоруи «Доктор Авитсенна»-ро барои сулфа, қиёми дӯлонаро барои ба эътидол овардани кори дил, нӯшобаи зиркро барои табобати бемориҳои занона, ки бисёр муфид аст, инчунин маҳлули зиддиуфунатиро ба роҳ мондаем.Ҳамаи ин доруҳо аз қайди Назорати давлатии фармасевтӣ гузашта ва дорои сертификати мутобиқат мебошанд. Ин доруҳо тавассути шабакаҳои савдои дорухонаҳои шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ паҳн мешаванд.—-Мехостам дар мавриди нӯшдоруи “Авитсенна” каме муфассалтар ҳарф мезадед,ки он чӣ гуна давост ва аз чӣ тайёр шудааст?Нӯшдоруи “Авитсенна” давои гиёҳиест, ки асосан аз шира ва дамкардаи гиёҳҳои зерин иборат аст: решаи заррингиёҳ, зирк, меваи дулона, эшим, пардаи байни чормағз, чойкаҳак, пӯстлохи дарахти ғор ,тут, лимӯ, гули бобуна, кокутӣ, ҷамилак, решаи ширинбия, ҷавзи баво, талшовуқ (тахач), меваи дарахти хуч ва дигар рустаниҳо.—-Ин нӯшдору барои кадом дардҳо тавсия дода шудааст? —-Нӯшдоруи “Авитсенна” барои бемории дилу рагҳо ва бемориҳои узвҳои ҳозима воситаи хуб буда,он дарди дилро рафъ месозад,ҳангоми вайрон шудани кори мушакҳои дил ё асабҳои экстракардиалӣ фаъолияти онҳоро муътадил менамояд,муҳосираи дараҷаи 123 ро рафъ сохта, хобро муътадил мегардонад, мондашавии дилро дар рӯзҳои якум ва дуюми пас аз қабули он муътадил месозад.Бемориҳои узвҳои ҳозима, илтиҳоби меъда ва рӯдаи дувоздаҳангушта, рӯдаи борик ва ғафсро рафъ месозад, ҳазми таомро беҳтар мегардонад.Ҳангоми бемории санги гурда, пешобдон ва роҳҳои пешоб, бемориҳои узвҳои таносул, инчунин илтиҳоби пардаи гурда, ки яке аз бемориҳои сироятёбандаи гурда мебошад, нӯшдору бар зидди вирусҳо ва микробҳо мубориза мебарад, сангу намакҳои гурдаро об карда, безарар мерезонад. Ҳамчунин пас аз ҷарроҳӣ барои бартараф сохтани захм, осеб ва изтироб давои беҳтарин мебошад. Ҳангоми табобати маҷмӯи узвҳои ҳозима, узви таносули зану мард нӯшдоруро дар якҷоягӣ бо дигар дорувор истеъмол мекунанд. Истеъмоли давомдори он илтиҳоби пардаи луоби бачадонро ҳангоми варами бачадон ва ғадуди олоти таносули мардро рафъ месозад.—-Тавре ки олимон исбот кардаанд, бемории саратон табобатнашаванда аст. Таъсири нӯшдоруи ихтироъкардаи Шумо барои табобати бемориҳои саратонӣ чӣ гуна аст ва дар вақти табобат гирифтан он ҳамроҳ бо дигар дорувор истеъмол мешавад?——Бале, ман зимни табобати беморони гирифтори саратон ,ки аз беморхона онҳоро ҷавоб дода буданд, тадқиқот гузаронидам ва ба натиҷаҳои назаррас ноил гардидам.Бемории саратон аз 3 нишона сар мешавад, дар ҳолате, ки ҳамин нишонаҳо нест шаванд, организми инсон бар зидди ин беморӣ мубориза бурданро сар мекунад. Ва шифои пурраи ин беморӣ аз ҷониби Худованд мебошад.Тавре ки дар дастурамал қайд шудааст: истифодаи нӯшдору дар беморони гирифтори саратон сараввал дардро нест мекунад, дуюм хобро муътадил месозад ва дар навбати сеюм иштиҳоро меорад. Нӯшдору ҳамроҳ бо дигар дорувор истеъмол карда мешавад ва ягон таъсири манфӣ надорад.——То ҷойе огаҳем, ки Шумо доир ба табобати бемории санги пешобдон ва роҳҳои пешоб технологияи навтарин истеҳсол намудед, ки бо ёрии он сангҳо ба таври биологӣ об карда шуда, бе ягон зарар аз организм бароварда мешаванд. Мехостам ба ин масъала низ равшанӣ меандохтед.——Аввалин беморе, ки ман табобат кардам, апаи Гулизор мебошад, ки баъд аз истеъмол кардани ин нӯшдору санги гурдааш безарар нест карда шуд. Ҳамчунин бемори дигар Фарзона Гадоева буд, ки дар гурдааш ба андозаи 1, 5 сантиметр санг дошт ва ӯ низ бо ёрии ин нӯшдоруи «Авитсенна» аз ин дард муолиҷа ёфт. Пас аз табобат ва баъди ташхиси ултрасадо дар гурда санг мушоҳида нашуд.Табибон дар ҳайрат монданд,ки ин ҳолат чӣ гуна рух додааст, зеро ин сангҳоро танҳо бо роҳи ҷарроҳӣ нест кардан мумкин аст. Ин хел ҳодисаҳо бисёранд, албатта. Кулли шифоҳо дар дасти Худованд аст. Бовар дорам,ки нӯшдоруи «Авитсенна» давои дарди дардмандон мегардад. Агар аз нӯшдоруи «Авитсенна» истифода баред, тамоми дардҳо бадани Шуморо тарк менамоянд.

Ноябрь 15, 2012 17:23

Хабарҳои дигари ин бахш

Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти шашмоҳаи якуми соли 2025 нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Намояндагони Федератсияи футболи Тоҷикистон дар конфронси тиббии КФО иштирок намуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон хавфи сар задани селҳои пиряхӣ боқӣ мемонад
Дар шаҳри Бохтар аз ҷониби Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон 933 чорабинӣ доир карда шуд
Дар Тоҷикистон беш аз 45 миллион адад дору ва молҳои тиббӣ истеҳсол гардидаанд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
28 июл дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти шашмоҳаи якуми соли 2025 нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар Тоҷикистон дар беш аз 526 ҳазор метри мураббаъ хонаҳои истиқоматӣ ба истифода дода шудаанд
Байни Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Институти миллии тадқиқоти амниятии Муғулистон Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳарорат ба 38 дараҷа мерасад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Тоҷикистон мубодилаи почтаро бо Русия барқарор намуд