Нақши назарраси Иҷлосияи XVI дар худшиносии миллӣ

Ноябрь 12, 2012 15:00

Душанбе, 12 ноябр. (АМИТ “Ховар”, Дилшодаи Хайруллоҳ).- Дар толори Донишкадаи такмили ихтисоси хизматчиёни давлатии Раёсати хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба 20-умин солгарди баргузории Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзӯи «Иҷлосияи тақдирсоз» конфронси илмию амалӣ доир гардид.   Конфронс бо икдоми Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» даъват гардида, дар кори он зиёда аз 180 нафар ҷавони фаъол аз шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ва шаҳри Душанбе ширкат варзиданд. Дар ҷараёни конфронс вобаста ба мавзуъҳои «Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон — зерпояи бинои сулҳ дар Тоҷикистон», «Нақши Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳкими худшиносии миллӣ», «Баргузории Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон — марҳалаи ҳассоси Тоҷикистони соҳибистиқлол», «Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон- ниҳоди гиреҳкушо дар пешрафти ҳаёти иҷтимоию иқтисодии мамлакат» ва «Истиқлолият ва ҷавонон» аз тарафи шахсиятхои шинохтаи мамлакат Асрор Латипов – муовини раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Кароматулло Олимов – ноиби президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Эшбурӣ Эсанқулов – вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, собиқ вакили Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигарон дар назди ҷавонон маърӯза намуданд. Дар ҷамъбасти конфронс як гуруҳ ҷавонони фаъол ба сафи ХХДТ пазируфта шуданд. Дар ин бора раиси Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон- «Созандагони Ватан» Адҳам Мирсаидов иттилоъ дод.

Ноябрь 12, 2012 15:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад