Нашри такрории асари таҳлилии «Эмомалӣ Раҳмон дар оинаи замон»
Душанбе, 9 ноябр. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). – Дар нашриёти «Контраст»-и пойтахти ҷумҳурӣ китоби нави таҳлилии нависандаи шинохтаи тоҷик Воҳид Ғаффорӣ ва мушовири калони Сарвари давлат оид ба сиёсати хориҷӣ Зафар Сайидзода таҳти унвони «Эмомалӣ Раҳмон дар оинаи замон» бо забони тоҷикӣ дар сатҳи баланди фарҳанги полиграфӣ бори дуюм рӯи чопро дид.
Нашри дуюми асарро муаллифон ба 20-умин солгарди Иҷлосияи таърихии 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшидаанд. Дар китоб фаъолияти Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба ҳайси пешбару роҳнамои миллат, меъмори сулҳу субот дар кишвар, густаришдиҳандаи худшиносии миллӣ ва бунёдгузори артиши миллии Тоҷикистон – бо такя ба факту маводи фаровон – мавриди таҳлили ҳамаҷониба қарор гирифтааст.
Ин асар, ки 372 саҳифа ва суратҳои рангаи таърихӣ дорад, ба хонанда имкон медиҳад, ки бо ҷанбаҳои муҳими таърихи навтарини сиёсии кишвар – пас аз Иҷлосияи таърихии 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон — аз дидгоҳи илмию сиёсӣ ошноӣ пайдо намояд.
Матни электронии китобро ба таври ройгон аз ин ҷо дастрас намоед: http://andesha.tj/sites/default/files/book_4.zip








Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад






