Натиҷаҳои ҷаласаи ҳаштуми гуруҳи кории Тоҷикистону Русия

Ноябрь 26, 2012 17:39

Душанбе, 26 ноябр. (АМИТ «Ховар», Музаффар Рустамов).-Рӯзи 22-ноябри соли 2012, дар шаҳри Душанбе ҷаласаи 8-уми гуруҳи кории Тоҷикистону Русия оид ба татбиқи Созишномаи байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Русия дар самти муҳоҷирати меҳнатӣ баргузор гардид.Ҷонибҳо масъалаҳои вобаста ба муҳоҷирати меҳнатӣ, вазъияти муҳоҷирати меҳнатӣ дар Федератсияи Русия ва Ҷумҳурии Тоҷикистон, таҳия ва ба имзо расонидани лоиҳаи Созишномаи байни Ҳукумати Федератсияи Русия ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар асоси омӯзишгоҳи касбию техникии №66 шаҳри Душанбе, таъсиси филиали Донишгоҳи илмию тадқиқотии «Донишгоҳи давлатӣ-техникии Қазон», барои тайёр намудани мутахассисони соҳавӣ мутобиқи талаботи бозори меҳнати Русия, вазъи ҳамкориҳо дар самти мубодилаи маълумот мутобиқи талаботи бозори меҳнати Федератсияи Русия ва Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар масъалаҳоро баррасӣ карданд.Дар ин бора ба АМИТ”Ховар” сардори шуъбаи робита бо ҷомеаи Хадамоти муҳоҷирати назди Ҳукумати ҶТ Абдуллоҳи Қодирӣ иттилоъ доданд.

Ноябрь 26, 2012 17:39

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд