Омодагии муассисаҳои тандурустӣ ба ҳолатҳои фавқулодда

Ноябрь 30, 2012 16:33

Душанбе, 30 ноябр. (АМИТ «Ховар», Ибодат Давлатова).-Дар асоси “Нишондодҳои ташкилию методӣ ва нақшаи чорабиниҳои асосии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои мудофиаи гражданӣ, эътино, пешгирӣ ва рафъи оқибатҳои ҳолатҳои фавқулодда дар соли 2012” дар Маркази миллии тиббии Тоҷикистон машқи махсуси тактикии мудофиаи гражданӣ ва азназаргузаронии омодагии бригадаҳои махсуси ёрии тиббӣ гузаронида шуд.Тавре ки ба мухбири АМИТ «Ховар» аз маркази матбуотии Вазорати тандурустӣ хабар доданд, дар он кормандони Раёсати амнияти санитарию эпидемиологӣ, ҳолатҳои фавқулодда ва ёрии фаврии тиббии Вазорати тандурустӣ, мутахассисони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, мутахассисони соҳаи мудофиаи гражданӣ ва ҳолатҳои фавқулоддаи муассисаҳои тандурустии ҷумҳуриявӣ ва шаҳри Душанбе иштирок доштанд.Дар чорабинӣ бригадаҳои махсуси ёрии тиббӣ аз Маркази миллии тиббӣ, Маркази илмию клиникии саратоншиносӣ, Маркази ҷумҳуриявии клиникии бемориҳои дил, Маркази ҷумҳуриявии илмии хун, Беморхонаи шаҳрии клиникии “Ёрии таъҷилии тиббӣ”-и шаҳри Душанбе, Пажуҳишгоҳи илмию тадқиқотии акушерӣ, гинекологӣ ва перинатологии Тоҷикистон иштирок намуда, омодагии қувва ва воситаҳои худро ҷиҳати расонидани кўмаки тиббӣ дар шароити ҳолатҳои фавқулодда намоиш доданд.Бояд гуфт, ки дар асоси созишномаи байни Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Дафтари Швейтсария оид ба ҳамкорӣ дар Тоҷикистон ва Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон соли 2009 ба Ҷумҳурии Тоҷикистон 6 адад госпиталҳои сайёр дода шуд ва онҳо бо дастури вазири тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маркази миллии тиббӣ, беморхонаҳои вилоятии шаҳрҳои Қўрғонтеппа, Хуҷанд, Хоруғ, беморхонаҳои марказии шаҳри Роғун ва ноҳияи Рашт дар ҳолати омодабош нигоҳ дошта мешаванд.Дар чорабинӣ бо мутахассисоне, ки ба госпитали сайёр вобаста гардиданд, тамрин гузаронида ва омодагии онҳо барои фаъолият дар шароити рўй додани офатҳои табиӣ, садамаҳо, сар задани бемориҳои сироятӣ дар замони осоишта ва давраи ҷанг санҷида шуд.

Ноябрь 30, 2012 16:33

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1223 сомонӣ муқаррар шудааст
Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад