Пешбинии табодули мол дар соли 2013
Душанбе, 14 ноябр. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Бино ба иттилои маркази робитаи байналмилалии сафорати Ҷумҳурии Озарбойҷон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 2013 табодули мол бо назардошти ҷалби сармояи Озарбойҷон ба иқтисоди Тоҷикистон беш аз 2,5 маротиба афзоиш ёфта, ба 50 млн. доллар баробар мегардад.Сармоягузорони Озарбойҷон ва ширкатҳои хусусии он баъди ошноӣ бо вазъи сиёсии Тоҷикистон омодаанд ба иқтисоди ин кишвар сармоягузориро ду баробар зиёд намоянд.Ба иттилои манбаъ, Ҷумҳурии Озарбойҷон ҷиҳати омода намудани мутахассисони соҳаи геология, иктишоф ва истихроҷи нафту газ таваҷҷуҳи зиёд зоҳир менамояд.Дар солҳои 2007-2008 миёни ҷумҳуриҳои Тоҷикистон ва Озарбойҷон 20 санади ҳамкорӣ ба имзо расид. Тибқи санадҳои ба имзорасида дар давоми моҳҳои январ-сентябри соли 2012 табодули маҳсулот ба 22 млн. доллари амрикоӣ расонида шуд.Дар назар аст, ки то охири соли ҷорӣ табодули мол миёни ин ду ҷумҳурии бародар ба 30 млн. доллари амрикоӣ расад.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






