Раиси парлумон: «Дар таҳияи лоиҳаи қонунҳо бемасъулиятӣ накунед!»
Душанбе, 28 ноябр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи савдо ва хизматрасонии маишӣ», ки мебоист 28 ноябр дар ҷаласаи навбатии иҷлосияи чоруми Маҷлиси намояндагон баррасӣ ва қабул мегардид, аз рўзномаи ҷаласа бардошта шуд. Сабабаш ҷой доштани камбудию норасоиҳои ҷиддӣ дар беш аз 30 моддаи лоиҳаи қонуни мазкур аст. Шукурҷон Зуҳуров раиси палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон ба Неъматҷон Бӯриев, муовини аввали вазири рушди иқтисод ва савдои кишвар гуфт: «Ба роҳбарияти Вазорат расонед, ки минбаъд бемасъулиятӣ зоҳир накунанд ва лоиҳаи қонунҳоро дар чунин сатҳи ниҳоят паст таҳия ва ба парлумон ироа насозанд». Мавсуф зикр кард, ки дар лоиҳаи қонуни мазкур меъёрҳои оддии забони давлатӣ ҳатто риоя нашуда, аксари истилоҳот ба забони русӣ оварда шудааст ва мафҳумҳое, ки аз забони русӣ ба тоҷикӣ тарҷума гардидаанд, моҳияти моддаю бандҳои лоиҳаи қонунро норавшан ва бемантиқ ифода мекунанд. Шукурҷон Зуҳуров — Раиси палатаи поёнии парлумон аз Ҷумъахон Давлатов- намояндаи ваколатдори Президенти кишвар дар парлумон хоҳиш кард, ки ба Дастгоҳи иҷрояи Президент ва ба Ҳукумат расонанд, то ки минбаъд лоиҳаи қонунҳоро, ки аз сўи вазорату идораҳои марбута таҳия мегарданд , дар чунин сатҳи ниҳоят паст, ки пур аз хатоҳои имлоӣ, мантиқӣ ва техникианд, ба парлумон пешниҳод насозанд. —Вазифаи мо дар парлумон ислоҳи хатою ғалатҳои забонию имлоӣ ва техникии лоиҳаи қонунҳо нест, таъкид кард бо ҷиддият Ш. Зуҳуров. Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи савдо ва хизматрасонии маишӣ» баъди такмили пурра ва ислоҳи норасоию камбудиҳои ҷойдошта дубора ба палатаи поёнии парлумони мамлакат ироа хоҳад шуд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






