Роҳандозии ташхиси тиббӣ барои муҳоҷирони меҳнатӣ
Душанбе, 30 ноябр. (АМИТ «Ховар», Ибодат Давлатова).-Дар ҷаласаи 8-уми гуруҳи кории Тоҷикистону Русия оид ба татбиқи Созишномаи байниҳукуматӣ дар самти муҳоҷирати меҳнатӣ, ки дар Душанбе баргузор шуд, роҳандозии ҳамкории Вазоратҳои тандурустии Тоҷикистону Русия баррасӣ шуд. Тавре ки ба мухбири АМИТ «Ховар» аз Хадамоти муҳоҷирати назди Ҳукумати ҶТ иттилоъ доданд, дар ҷаласа роҳбарии гуруҳи кории ҷониби Русияро Анатолий Кузнетсов, ҷонишини сардори Хадамоти федералии муҳоҷирати Русия ва ҷониби Тоҷикистонро Сафиалло Девонаев, сардори Хадамоти муҳоҷирати кишвар ба уҳда доштанд.Масъалаи татбиқи шакли ягонаи ташхиси тиббии саломатии муҳоҷирони меҳнатӣ ва имзои созишномаи байниҳукуматӣ дар бораи ҳамкориҳои дуҷониба миёни Вазорати тандурустии Тоҷикистон ва Вазорати тандурустии Русия аз мавзуъҳое буданд, ки ҷонибҳо сари он табодули назар намуданд.Ширкаткунандагони нишаст ба хулосае омаданд, ки то 31-уми январи соли 2013 нақшаи чорабиниҳоро дар самти ҳамкориҳои вазоратҳои тандурустии Тоҷикистону Русия вобаста ба таҳия ва қабули қарори ягона оид ба татбиқи ташхиси тиббии муҳоҷирони меҳнатӣ дар Русия ва Тоҷикистон анҷом диҳанд, гуфт манбаъ.








Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд






