С.Наришкин: «Дар муносиботи Душанбею Маскав монеае нест»
Душанбе, 22 ноябр. (АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Тақвияти ҳамкориҳои байнипарлумонӣ, баланд бардоштани сатҳи муносиботи дуҷонибаи Душанбе ва Маскав дар арсаҳои мухталиф, таҳкими муносибот дар доираи созмонҳои мухталифи минтақавию байналмилалӣ аз мавзуоте буд, ки дар меҳвари мулоқоти раисони парлумонҳои Тоҷикистону Русия Шукурҷон Зуҳуров ва Сергей Наришкин қарор дошт. «Сафари Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин дар моҳи октябри соли равон ба Тоҷикистон дар таҳкими муносиботи ду кишвар саҳифаи наверо боз кард», афзуд Шукурҷон Зуҳуров- раиси Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон, зеро дар доираи сафари В. Путин ба Тоҷикистон як қатор санадҳои байнидавлатӣ ба имзо расиданд, ки онҳо ба раванди таҳкими муносиботи ду кишвар такони тоза бахшиданд. Раиси Думаи давлатии Русия дар навбати худ ба сатҳи ҳамкориҳои Русия бо Тоҷикистон дар тамоми соҳаҳо, хусусан муносиботи байнипарлумонӣ баҳои баланд дода, тақвияти ҳар чӣ бештари ҳамкориҳоро таъкид кард. Мавсуф афзуд, ки байни Тоҷикистону Русия дар арсаҳои мухталиф, хусусан дар бахши ҳамкориҳои байнипарлумонӣ ягон монеа вуҷуд надорад.Тибқи иттилои Муҳаммадато Султонов-котиби матбуотии палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон раисони парлумонҳои Тоҷикистону Русия зимни мулоқот масъалаҳои рушди ҳамкориҳои дуҷонибаро дар арсаҳои иқтисодиёт, энергетика, кишоварзӣ, маориф, муҳоҷирати меҳнатӣ, амният, туризм ва варзишро матраҳ намуда, атрофи масоили мазкур табодули назар карданд. Бояд тазаккур дод, ки ҳайати парлумонии Тоҷикистон таҳти сарварии Шукурҷон Зуҳуров ҷиҳати иштирок дар чорабиниҳо ва ҷаласаҳои Ассамблеяҳои байнипарлумонии кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё ва Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ шоми дирўз ба шаҳри Санкт-Петербурги Русия сафар кард.








Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1223 сомонӣ муқаррар шудааст
Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад






