Сабабҳои худкушӣ дар Суғд кадомҳоянд?
Душанбе, 28 ноябр. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Дар давоми 10 моҳи соли ҷорӣ дар қаламрави вилояти Суғд 261 нафар даст ба худкушӣ задаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 39 адад ё 14,9 дарсад зиёд аст. Ин нукта дар ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқи вилоят зикр гардид. Зикр шуд, ки чунин ҳодисаи нанговар, бахусус дар шаҳру навоҳии Истаравшан, Спитамен, Қайроққум, Ашт, Айнӣ, Зафаробод, Конибодом, Исфара, Шаҳристон ва Чкалов афзудааст. Прокурори вилояти Суғд Шариф Қурбонов бо таассуф зикр намуд, ки даст ба худкушӣ задани занҳо, асосан бо сабабҳои азобу шиканҷа аз ҷониби шавҳар ва хушдоман рух медиҳад. Чунин ҳодисаҳои номатлуб дар давраи ҳисоботӣ дар ҳудуди ҷамоатҳои Шаҳрак ва Сурхи ноҳияи Исфара, ҷамоати деҳоти Хистеварзи ноҳияи Бобоҷон Fафуров, Зарҳалол ва Правдаи ноҳияи Истаравшан, Шаҳристони ноҳияи Шаҳристон, Оббурдони ноҳияи Мастчоҳ, Зафарободи ноҳияи Зафаробод, Косатароши ноҳияи Панҷакент, Истиқлол ва шаҳраки ба номи Турсун Ӯлҷабоеви ноҳияи Спитамен ба амал омадаанд. Аз хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки раиси вилоят Қоҳир Расулзода масъулини соҳаҳои маориф, нигаҳдории тандурустӣ, Кумитаи кор бо ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, шуъбаи кор бо занон ва оила, шуъбаи дин, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва кулли иштирокдорони ҷаласаро водор намуд, ки дар мубориза баҳри пешгирии ҳодисаи номатлуб – худкушӣ дар қаламрави вилоят саҳм бигиранд.








15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид






