Сараудиторон савганд ёд карданд

Ноябрь 14, 2012 17:35

Душанбе, 14 ноябр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Бо пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаласаи навбатии иҷлосияи чоруми Маҷлиси намояндагон Нозимҷон Нидоев аз вазифаи муовини раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон бозхонд гардида, ба ин симмат бо пешниҳоди Сардори давлат Саидбой Зокиров- раиси Иттифоқҳои касабаи вилояти Суғд интихоб гардид. Вакилони палатаи поёнии парлумони мамлакат ҳамзамон пешниҳоди Президенти ҷумҳуриро «Дар бораи интихоб намудани узви Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон» Нурулло Маҳмадуллоев , ки директори Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоӣ, шуғли аҳолӣ ва муҳоҷирати Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумҳурист, тасдиқ намуданд.Ҳамзамон вакилони Маҷлиси намояндагон пешниҳоди Сарвари давлатро дар хусуси таъин намудани сараудиторони Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон маъқул шумориданд.Дар вазифаи сараудиторони Палатаи ҳисоби кишвар сардори Раёсати пешгирии коррупсияи Агентии давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи ҷумҳурӣ Ашўралӣ Мирзоев, роҳбари котиботи кумитаи иқтисод ва молияи Маҷлиси намояндагон Қосим Муъминов, муовини сардори Раёсат, сардори шуъбаи назорати давлати молиявии Агентии давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи ҷумҳурӣ дар шаҳри Душанбе Файзалӣ Зарифов, муовини сардори Раёсати Агентии давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи ҷумҳурӣ Маҳмадалӣ Самиев ва сардори Саридораи молияи Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон Зикрихудо Самадов таъин гардиданд. Баъдан сараудиторони Палатаи ҳисоби кишвар дар назди вакилони парлумон ҳамчун нишони садоқат ба Конститутсия, миллат ва қонунҳои кишвар савганд ёд карданд. Бояд тазаккур дод, ки моҳи сентябри соли равон вакилони палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон дар ҷаласаи ғайринавбатӣ пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро дар хусуси ба вазифаи раиси Палатаи ҳисоби кишвар таъйин намудани Дилмурод Давлатов, ки қаблан дар вазифаи раиси Агентии хариди давлатии мол, кор ва хизматрасонии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро фаъолият дошт, тасдиқ намуда буданд.Мавриди зикр аст, ки Палатаи ҳисоб соле муқаддам таъсис дода шуда, рисолати ин мақомот назорати мақсадноки истифодаи Буҷаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, сармояҳое¸ки аз кишварҳо хориҷӣ ба иқтисоди ҷумҳурӣ нигаронида шудаанд, маҳсуб мешавад. Палатаи ҳисоб танҳо ба Президент ва Парлумон тобеъият дорад. Шукурҷон Зуҳуров- Раиси парлумони кишвар ба сараудиторон барори кор, сарсупурдагӣ ба миллату ватан хоста, гуфт: «Ба мавқеъ ва фаъолияти шумо ояндаи рушди иқтисоди кишвар вобастагии зиёд дорад. Дар бархе кишварҳо Палатаи ҳисоб идораи масъул ва калидӣ дар мавриди назорати истифодаи мақсадноки маблағҳои буҷавист. Аз ин рў масъулияти бештаре ба дўши шумо –сараудиторони Палатаи ҳисоб ҷиҳати одилона ва шаффоф истифода шудани маблағҳои буҷавӣ ва дигар инвеститсияҳои хориҷӣ вогузор шудааст.Ман умед дорам, ки ҳар яки шумо ҷиҳати иҷрои рисолати худ ба савганде, ки имрўз дар назди вакилон ёд кардед, содиқ мемонед».

Ноябрь 14, 2012 17:35

Хабарҳои дигари ин бахш

Алоқа барои донишҷӯён: интернет ва дақиқаҳои зиёд бо 50 сомонӣ дар як моҳ
Дар Ҷамоати деҳоти Равшани ноҳияи Зафаробод корхонаи нави парандапарварӣ бунёд карда шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Дар ноҳияи Мастчоҳ ба кӯдакону наврасони ятим туҳфаҳои Президенти Тоҷикистон тақдим гардиданд
Оид ба нақши Абуалӣ ибни Сино дар ташаккули илм ва фарҳанги башарият дар Хадамоти гумруки Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 42 дараҷа гарм мешавад
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Сокини Ҷамоати деҳоти Деҳқонободи ноҳияи Дӯстӣ аз як замин се навъи маҳсулот ҷамъоварӣ мекунад
Дар Тоҷикистон мусобиқаи «МегаФон Life дар сабки футбол» анҷом ёфт
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад