Шиносномаи миллат -таҷассумгари суннатҳои давлатдорӣ

Ноябрь 5, 2012 16:59

Душанбе, 5 ноябр. (АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Фардо -6 ноябр мардуми Тоҷикистон 18-умин солгарди қабули Конститутсия (Сарқонун)-и Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҷлил менамоянд. 18 сол муқаддам, аниқтараш 6 ноябри соли 1994 дар кишварамон аз тариқи раъйпурсии умумихалқӣ Конститутсия (Сарқонун)-и Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид, ки он самараи неки даврони соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб меёбад. Қабули ин санади муҳими сарнавиштсоз дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таҳкими ҳокимияти давлатӣ, самтҳои инкишофи ҷомеа, бунёди давлатдории муосири тоҷикон заминаи воқеӣ гузошта, рушди бемайлони давлат, вазъи муътадили сиёсӣ ва амнияти ҷомеа, ҳифзи манфиатҳои миллӣ,таъмини волоияти қонун, таҳкими қонунияту тартиботи ҳуқуқӣ ва ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандонро таъмин намуд. Дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқу озодиҳои инсон арзиши олӣ ва муқаддас маҳсуб мешавад. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки онро шиносномаи миллат ҳам ном мебаранд, аз 10 боб ва 100 модда иборат буда, асосҳои сохтори конститутсионӣ, ҳуқуқ, озодӣ, вазифаҳои асосии инсон ва шаҳрванд, Маҷлиси Олӣ, Президент, Ҳукумат, ҳокимияти маҳаллӣ, Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, Суд, Прокуратура ва тартиби тағйири Конститутсия бобҳои Сарқонун мебошанд. Ба Конститутсияи кишвар ду маротиба -26 сентябри соли 1999 ва 22 июни соли 2003 тавассути раъйпурсии умумихалқӣ тағйиру иловаҳо ворид шудааст. Нахустин тағйирот ба Конститутсияи ҷумҳурӣ соли 1999 дар қисмати ҳокимияти иҷроия, ки асосан марбут ба салоҳияти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аст, ворид карда шуд ва он салоҳияти Президентро аз 5 ба 7 сол зиёд намуд. Тағйиру иловаҳои соли 2003, ки дар Конститутсия сурат гирифтанд, ба таъмини мустақилияти судяҳо равона гардида, муҳлати ваколати судҳоро аз 5 ба 10 сол ва синни пешниҳод ба вазифаи судягиро то 65- солагӣ муқаррар намуд. Бояд тазаккур дод, ки Конститутсияи кишвар ифодагари ормонҳои миллии мардуми тоҷик, ки қисми ҷудонопазири ҷомеаи ҷаҳонианд, ба шумор меояд ва он дар худ суннатҳои неки давлатдории тоҷиконро, ки собиқаи беш аз 1000- сола доранд, таҷассум менамояд. Дар моддаи якуми боби нахустини Конститутсия –Асосҳои сохтори конститутсионӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷаҳониён ҳамчун давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона муаррифӣ гардидааст. Гуфтан ба маврид аст, ки соли равон мардуми Тоҷикистон 18-умин солгарди қабули Конститутсияи кишварро дар фазои суботу осоиштагӣ, ҳусни тафоҳум, дастовардҳои арзанда ва умед ба фардои нек истиқбол менамоянд. Дар остонаи ин санаи таърихӣ дар аксар вазорату идораҳои кишвар бо иштироки ходимони барҷастаи давлатию ҷамъиятӣ мулоқоту нишастҳо баргузор гардида, кўчаю хиёбонҳои шаҳру навоҳии кишвар, хусусан пойтахти давлатамон-шаҳри Душанберо шиору овезаҳо ва навиштаҷоти марбут ба ин рўйдоди бузурги таърихӣ шукуҳи хосса бахшиданд. 15.05.

Ноябрь 5, 2012 16:59

Хабарҳои дигари ин бахш

«МегаФон Тоҷикистон» шабакаро ба суръатҳои нави гигабитӣ омода менамояд
Бахшида ба 34-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Пенза ҳамоиш доир шуд
«ИСТИҚЛОЛ-НЕЪМАТИ БЕБАҲО». Дар ин мавзуъ дар Донишгоҳи давлатии Хоруғ конференсияи илмӣ доир гардид
Донорҳо аз Бунёди Lives & Livelihoods дастовардҳо дар соҳаи ҳифзи саломатии модар ва кӯдакро дар Тоҷикистон таҷлил менамоянд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
Истиқлоли давлатӣ — асоси хушбахтӣ ва рушди давлатдории миллӣ
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 33 дараҷа гарм мешавад
Нақши занони тоҷик дар таҳкими давлатдории миллӣ назаррас аст
Дар остонаи ҷашни Истиқлоли давлатӣ ҳашари экологии «Тозагии соҳил» гузаронида шуд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор шуд