Шиносоии ҳайати Суди конститутсионӣ бо фаъолияти ҳамкасбони украинии худ
Душанбе, 7 ноября. (НИАТ «Ховар», Лутфия Эшонкулова).-Намояндагони Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар кори семинари илмӣ – амалӣ дар Украина, ки ба фаъолияти дастгоҳи Суди Конститутсионии Украина бахшида шуда буд, ширкат варзида, бо санадҳои меъёрии ҳуқуқии танзимкунандаи фаъолияти Суди конститутсионии Украина шиносоӣ пайдо намуданд. Дар рафти чорабинии мазкур аъзои ҳайати дастгоҳи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчунин бо тартиби пешниҳод ва баррасии муроҷиати номаҳо ба ин мақомоти назорати конститутсионӣ, фаъолияти ёрдамчиёни судяҳо, коллегияҳои судӣ, тартиби омода намудани хулосаи экспертӣ вобаста ба парванда ва дигар паҳлўҳои фаъолияти дастгоҳи Суди конститутсионии Украина аз наздик шиносоӣ пайдо намуда, дар масъалаҳои мухталифи соҳавӣ бо ҳамкасбони хориҷии худ табодули назар намуданд.Тавре, ки сомонаи расмии Суди конститутсионӣ хабар медиҳад, дар ҷараёни сафари мазкур ҷиҳати густариши ҳамкориҳои тарафайн вохўрии ҳайати дастгоҳи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Раиси Суди конститутсионии Украина А. Головин ва роҳбарияти дастгоҳи Суди Украина доир гардид ва дар он масъалаҳои муҳими марбут ба фаъолияти мақомоти назорати конститутсионӣ ва дастгоҳҳои он ибрози андеша карда шуд.








ЛОЛА ВА СИЯҲГӮШ: Аз мероси табиат то рамзи худшиносии миллӣ
Дар нуҳ моҳ машғулиятҳои кӯтоҳмуддати касбомӯзиро 6597 нафар хатм намуданд
Бо мақсади пешгирии садамаҳои нақлиётӣ бо иштироки мошинҳои боркаш Гурӯҳи кории байниидоравӣ таъсис дода шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 евро аз 10.1500 то 10.3281 сомонӣ муқаррар шудааст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 27 октябр, сешанбе, 300 — умин рӯзи соли 2026 аст
Дар ноҳияҳои Тоҷикобод ва Лахш оид ба пешгирии амалҳои коррупсионӣ вохӯриҳо баргузор шуданд
Оид ба омӯзиши Панҷакенти қадим конференсияи илмӣ баргузор мешавад
Вакили Маҷлиси намояндагон дар ҷаласаи Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарлумонии давлатҳои ИДМ иштирок намуд
Тоҷикистон ва Қатар ҳамкориро дар самти фаъолияти хайриявӣ ва башардӯстона тақвият медиҳанд
Форум оид ба алоқаи мобилии насли панҷум– 5G баргузор шуд






