«Созандагони Ватан» дар Бадахшон лавозимоти варзишӣ ҳадя мекунад

Ноябрь 20, 2012 14:11

Душанбе, 20 ноябр. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ).-Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» ниҳоди навтаъсиси ҷамъиятӣ буда, ҷиҳати муттаҳидии ҷавонон, дастгирии онҳо ва бо истифода аз нерӯи зеҳниву ақлонии онҳо ба корҳои созандагиву бунёдкорӣ сафарбар намудани ҷавонон фаъолият дорад. Дар рӯзҳои таҷлили 20-солагии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи Парчам бо иқдоми Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» дар Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон ба марказҳои варзишии деҳоти шаҳру ноҳияҳои вилоят лавозимоти варзишӣ тақдим менамоянд. То имрӯз аз ин иқдом ноҳияи Ванҷ бархурдор гардида, дар назар аст 22 ноябри соли ҷорӣ дар маркази вилоят шаҳри Хоруғ аз ҷониби намояндагии ташкилоти «Созандагони Ватан» дар ВМКБ конфронси тантанавии вилоятӣ ба ифтихори Рӯзи Парчам бо иштироки ҷавонони фаъол доир шавад ва дар ҷамъбасти чорабинӣ ба намояндагони шаҳру ноҳияҳо лавозимоти варзишӣ ҳадя гардад. Дар ин бора раиси Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» Адҳам Мирсаидов иттилоъ дод.

Ноябрь 20, 2012 14:11

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1223 сомонӣ муқаррар шудааст
Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад