Стратегияи баландбардории некӯаҳволии мардуми Тоҷикистон
Душанбе, 22 ноябр. (АМИТ «Ховар», Ибодат Давлатова).- Дирӯз дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҷаласаи Гурӯҳи кории ҳамоҳангсоз дар назди Котиботи Шӯрои миллии рушд бо иштироки намояндагони вазорату идораҳои дахлдор баргузор гардид, ки дар он Стратегияи баландбардории некӯаҳволии мардуми Тоҷикистон барои солҳои 2013-2015 дар доираи Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2015 мавриди муҳокимаи ниҳоӣ қарор гирифт. Тавре ба мухбири АМИТ «Ховар» аз маркази матбуотии Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд, Муовини Вазири рушди иқтисод ва савдо, муовини роҳбари Гурӯҳи кории ҳамоҳангсоз Умед Давлатзод «Стратегияи баландбардории некӯаҳволии мардуми Тоҷикистон барои солҳои 2013-2015»-ро муаррифӣ карда, дар ибтидо ҳадафҳои асосии онро зикр намуд, ки онҳо аз идома додани раванди коҳиши сатҳи камбизоатӣ ва фароҳам овардани шароити мусоид барои устуворгардонӣ ва афзоиши теъдоди табақаи миёна мебошанд. Дар ҷараёни муаррифии Стратегияи мазкур ҳамзамон қайд гардид, ки тибқи сенарияи эҳтимолӣ сатҳи камбизоатӣ аз 38,3% соли 2012 то ба 31,5% дар соли 2015 коҳиш ёфта, сатҳи табақаи миёна (тибқи меъёри байналмилалӣ) мутаносибан аз 19,5% то ба 29,4% расонида мешавад.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






