Таҳкими ҳамкориҳои Вазоратҳои корҳои дохилии Тоҷикистону Чин
Душанбе, 14 ноябр. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова).- Дирӯз дар шаҳри Душанбе вохӯрии вазири корҳои дохилӣ Рамазон Раҳимов бо Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Фан Сянжун баргузор гардид.Тавре ки сомонаи расмии ВКД хабар медиҳад, ҳадаф аз вохӯрии мазкур ин баррасии масъалаи сафари дарпешистодаи вазири корҳои дохилии Тоҷикистон ба Ҷумҳурии Мардумии Чин иборат буд. Инчунин дар вохӯрӣ масъалаи коркарди ҷараёни ҳамкории Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон ва Департаменти Вазорати амнияти ҷамъиятии Ноҳияи Мухтори Синҷону Уйғури Ҷумҳурии Мардумии Чин дар самти таъмини амният ва субот дар ноҳияҳои наздисарҳадии Тоҷикистону Чин баррасӣ гардид.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






