Тавсияҳои Пажуҳишгоҳи боғдорию сабзавоткорӣ
Душанбе, 21 ноябр. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).-Бо қарори Комиссияи озмоишии навъи зироатҳои кишоварзӣ ва муҳофизати навъҳои Вазорати кишоварзии ҷумҳурӣ, пиёзи навъи «Ҳисорӣ» ва ду навъи картошка- «Дӯстӣ» ва «Файзобод» барои санҷиши васеъ дар истеҳсолот тавсия дода шуд,-иттилоъ доданд аз Пажухишгоҳи боғдорию сабзавоткории Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон ба мухбири АМИТ «Ховар».Ба иттилои манбаъ, пажуҳишгоҳи мазкур барои санҷиши расмӣ навъҳои нави картошкаи «Овчӣ» ва «Нуринисо»-ро қабул намуд.Ҳоло дар озмоишгоҳи ин пажуҳишгоҳ се навъи қаламфури тез, як навъи лӯбиёи чинӣ, ду навъи боимҷон ва се навъи картошка барои пешниҳод ба комиссияи давлатӣ омода шудаанд.Дар пажуҳишгоҳ 25 навъи картошкаи селексияи олмонӣ, фаронсавӣ ва русӣ пурра гардонида шуда, дар ноҳияҳои Ҷиргатол ва Ғончӣ мавриди афзоишдиҳӣ қарор дода шудаанд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард






