Театри Русия дар Душанбе
Душанбе, 8 ноябр. (АМИТ «Ховар», Людмила Дубинина ). – Аз 23 то 25 ноябр сафари ҳунарии Театри академии ҷавонони Русия дар Театри давлатии драмаи русӣ ба Номи Владимир Маяковский сурат мегирад. Ҳунарпешагони театри Русия намоишномаи «Қоидаҳои одоб дар ҷомеаи имрӯза» — ро намоиш медиҳанд. Нақши асосиро ҳунарпешаи маъруфи Русия Нелли Уварова иҷро мекунад.Мувофиқи суханони директори Театри ба номи Владимир Маяковский Сӯҳроб Мирзоев, ҳамтоёни русиягӣ ҳамчунин барои ҳунарпешагон ва коргардонҳои ҷавони театр дарси маҳоратро роҳандозӣ мекунанд. Ин чорабинӣ дар доираи созишномаи табодули фарҳангии байни театрҳои Федератсияи Русия ба Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегирад.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






