Тренинг барои кормандони АНМН
Душанбе, 26 ноябр. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова). – Дар шаҳри Душанбе тренинги якуми сагшиносони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом ёфт.Мувофиқи хабари маркази матбуоти Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ, тренинг дар Маркази миллии таълимии тарбия ва такроромӯзии кормандони мақомооти ҳифзи ҳуқуқ баргузор шуд. Кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар давоми ду рӯз ба омӯзиши хусусиятҳои анатомию физиологии сагон, принсипҳои асосӣ ва қоидаҳои нигоҳубин ва ҷилавгирии бемориҳо ва расонидани ёрии таъҷилӣ дар мавриди дучори ҳодисаҳои фалокатовар гардидани сагон машғул шуданд. Машқҳо бо иштироки мутахассисони Агентии назорати маводи нашъаовар ва Намояндагии минтақавии Раёсати СММ оид ба маводи нашъаовар ва ҷинояткорӣ дар Осиёи Марказӣ роҳандозӣ шудаанд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






