Вохӯрии рафиқонаи футболбозони Эрону Тоҷикистон
Душанбе, 7 ноябр. (АМИТ «Ховар»). – Вохӯрии рафиқонаи дастаҳои мунтахаби миллии Тоҷикистон ва Эрон оид ба футбол, ки 6 ноябр дар варзишгоҳи «Озодӣ» — и шаҳри Теҳрон баргузор гардид, бо ҳисоби 6:1 ба фоидаи дастаи мунтахаби Эрон анҷом ёфт. Дар қисми аввали бозӣ футболбозони Эрон ба дарвозаи дастаи мунтахаби Тоҷикистон 4 тӯб ворид намуданд. Дар қисми дуюми бозӣ Аҳмад Ҳасанзода ва Алиризо Аббосфард ба дарвозаи дастаи Тоҷикистон боз ду тӯб ворид намуданд.Тӯби ягонаро ба дарвозаи дастаи мунтахаби Эрон дар дақиқаи 68 – ум ҳимоятгари дастаи «Истиқлол» — и шаҳри Душанбе Соҳиб Сувонқулов ворид намуд.Дар ин бора аз Федератсияи футболи Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






