Ғурфаи миллии Тоҷикистон дар Исломобод

Декабрь 24, 2012 12:19

Душанбе, 24 декабр. (АМИТ «Ховар», Пайрав Назаров). – Чанде пеш дар Осорхонаи мероси миллии Исломободи Ҷумҳурии Исломии Покистон ғурфаи (гӯша) – и миллии Тоҷикистон кушода шуд. Дар ин маросим Сафири Тоҷикистон дар Покистон Зубайдулло Зубайдов, намояндагони вазоратҳои корҳои хориҷӣ ва фарҳанги Покистон, шаҳрвандони Тоҷикистони муқими Покистон, ҳамчунин васоити ахбори омма ширкат доштанд. Дар ғурфа намунаҳои санъату фарҳанги косибони моҳири Тоҷикистон ба маърази намоиш гузошта шудаанд.Сафири Тоҷикистон зимни суханрониаш ба раиси осорхона ва намояндагони Вазорати фарҳанги Покистон барои расонидани мадад ба ифтитоҳи ғурфаи Тоҷикистон изҳори миннатдорӣ карда, зикр намуд, ки ин ибтикор ба таҳкими минбаъдаи равобити дуҷонибаи дӯстона мусоидат хоҳад кард.Раиси Осорхонаи мероси таърихи Покистон Ҳолид Ҷалик зикр намуд, ки ифтитоҳи ғурфаи Тоҷикистон дар осорхона воқеаи муҳими муносибатҳои фарҳангии ду кишвари дӯст маҳсуб меёбад.Дар ин бора аз Раёсати иттилоот, матбуот, таҳлил ва тарҳрезии сиёсати хориҷии ВКХ ҶТ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Декабрь 24, 2012 12:19

Хабарҳои дигари ин бахш

15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид