Ҳаракати нақлиёт дар масири «Садбарг» қатъ мегардад
Душанбе, 11 декабр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Кўчаи Садриддин Айнӣ то хиёбони Саъдии Шерозӣ / аз майдони С. Айнӣ то майдони Ғалаба/ таъмиру таҷдид мешавад. Дар робита ба ин ҳаракати воситаҳои нақлиётӣ дар ин масир то 30 августи соли 2013 қатъ мегардад. Шаҳрдори Душанбе дар бораи чораҳои таъмини бехатарии ҳаракати нақлиёт дар кўчаҳои мазкур, қарори марбута ба тасвиб расонд. Тибқи он Муассисаи давлатии коммуналии «Душанбенақлиётхадамотрасон», шӯъбаи Бозрасии давлатии автомобилии /БДА/ Раёсати Вазорати корҳои дохилии /ВКД/ Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе ва Раёсати хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёти шаҳри Душанбе муваззаф гардидаанд, ки самти ҳаракати нақлиёти мусофирбарро, ки аз кӯчаи С.Айнӣ-хиёбони С.Шерозӣ мегузаранд, ба кӯчаҳои ҳамшафат муайян намуда, дар нақшаҳои хатсайри воситаҳои нақлиёти мусофирбари шаҳрӣ тағйирот ворид созанд. Инчунин сардори Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе А. Бузмаков вазифадор шудааст, ки ҷиҳати таъмини ҳаракати нақлиёт дар кӯчаҳои ҳамшафат бо дарназардошти гузоштани аломатҳои роҳ ва таъмини ҳаракати шаҳрвандон чораҷӯӣ намояд. Зиёратшо Хушов-муовини сардори шўъбаи БДА –и Раёсати ВКД –ҷумҳурӣ дар шаҳри Душанбе ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, ки ҷиҳати ҳаракати воситаҳои нақлиётӣ бо назардошти таъмиру таҷдиди роҳи кўчаи С. Айнӣ то хиёбони С. Шерозӣ нақша тартиб дода шудааст. Тибқи он воситаҳои нақлиётӣ, аз ҷумла троллейбусҳои №3, 4, 5 ва 9 то майдони Ғалаба (гардиши бинои Раёсати корҳои дохилии шаҳри Душанбе) автобусҳои № 2,7 ва 37 тавассути кўчаи академик Раҷабовҳо ва хиёбони Рўдакӣ, микроавтобусҳои №1 ва 33 тавассути кўчаи Назаршоев ҳаракат менамоянд. Бояд тазаккур дод, ки фармоишгари таъмиру навсозии кўчаҳои мазкур Муассисаи давлатии «Раёсати сохтмон, навсозӣ ва таъмири асосию ҷории роҳҳою кӯпрукҳои ҳудуди марзию маъмурии шаҳри Душанбе» мебошад.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ карда мешавад
Таомҳои тоҷикӣ дар шаҳрҳои Федератсияи Русия ба таври шоиста муаррифӣ мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар Ҳисор ҳамоиши минтақавии раисони шуроҳои ҷангу меҳнати шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
«АСРИ ЗАРРИН»-И ТАЪРИХИ ТОҶИКОН. Замони давлатдории Сомониёнро муҳаққиқони илми таърих чунин ном гузоштаанд
Зуд, мувофиқ, осон: чат-боти «Доно» ба муштариён чӣ тавр кумак мерасонад
Дар Панҷакент филиали Муассисаи давлатии «Ташаккул ва рушди соҳибкории Тоҷикистон» ифтитоҳ гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
СОЛИ ОБОДКОРИЮ СОЗАНДАГӢ. Мактаб-интернати ятимон ва бепарасторони ноҳияи Муъминобод таъмир карда мешавад
Дар шаҳри Бӯстон барои баланд бардоштани сифати таҳсил ҳамоиш баргузор гардид






