Ҷаласаи ШВМ ИДМ
Душанбе, 11 декабр. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова). – Имрӯз, 11 декабр, дар шаҳри Маскав ҷаласаи Шӯрои вазирони мудофиаи давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил оғоз ёфт. Мувофиқи хабари маркази матбуоти Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар ҷаласа Тоҷикистонро вазири мудофиаи кишвар Шералӣ Хайруллоев намояндагӣ мекунад. Шералӣ Хайруллоев дар ҳошияи ташрифаш дар шаҳри Маскав бо вазирони мудофиаи кишварҳои аъзои ИДМ аз рӯи масоили ҳамкории ҳарбию техникӣ мулоқот анҷом медиҳад. Дар ҷараёни ҷаласа беш аз 20 масъалаи марбут ба самтҳои мухталифи ҳамкории ҳарбӣ дар доираи ИДМ мавриди баррасӣ қарор мегирад. Иштирокдорони ҷаласа ҳамчунин натиҷаи фаъолияти мақомоти кории Шӯро дар соли 2012 – ро таҳлил намуда, дурнамои кор барои соли 2013 – ро тасвиб мекунанд.Дар ҷаласа баррасии тадбирҳои муштараки низоми якҷояи мудофиа аз ҳуҷуми ҳавоии кишварҳои Иттиҳод дар соли 2013, такмили таъмини метрологии қувваҳои мусаллаҳи давлатҳои аъзои ИДМ, ҳамгироии мақомоти ҳамкории низоми байналмилалии вазоратҳои мудофиа ва ғайра мавриди муҳокима қарор мегиранд. Хотирнишон месозем, ки Шӯрои вазирони мудофиаи ИДМ соли 1992 таъсис ёфта, ба ҳайати он намояндагони Озарбойҷон, Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия, Тоҷикистон, Ӯзбекистон шомиланд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ карда мешавад
Таомҳои тоҷикӣ дар шаҳрҳои Федератсияи Русия ба таври шоиста муаррифӣ мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар Ҳисор ҳамоиши минтақавии раисони шуроҳои ҷангу меҳнати шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
«АСРИ ЗАРРИН»-И ТАЪРИХИ ТОҶИКОН. Замони давлатдории Сомониёнро муҳаққиқони илми таърих чунин ном гузоштаанд
Зуд, мувофиқ, осон: чат-боти «Доно» ба муштариён чӣ тавр кумак мерасонад
Дар Панҷакент филиали Муассисаи давлатии «Ташаккул ва рушди соҳибкории Тоҷикистон» ифтитоҳ гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
СОЛИ ОБОДКОРИЮ СОЗАНДАГӢ. Мактаб-интернати ятимон ва бепарасторони ноҳияи Муъминобод таъмир карда мешавад
Дар шаҳри Бӯстон барои баланд бардоштани сифати таҳсил ҳамоиш баргузор гардид






