Ҷамъбасти натиҷаи татбиқи барномаи ҷилавгирии нашъамандӣ

Декабрь 19, 2012 15:31

Душанбе, 19 декабр. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова). – Дар шаҳри Хуҷанд ҷаласаи Шӯрои ҳамгироии вилоятӣ ҷиҳати ҷилавгирии сӯистемоли маводи нашъаовар бахшида ба ҷамъбасти натиҷаи татбиқи Барномаи ягонагии давлатӣ баргузор гардид. Дар кори ҷаласа муовини директори Агентии назорати маводи нашъаовар Бунафша Одинаева, аъзои Шӯрои ҳамгироии вилоятӣ ҷиҳати ҷилавгирии сӯистемоли маводи нашъаовар, раисони шӯроҳои ҳамгироии шаҳру ноҳияҳои вилоят ва роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратии вилояти Суғд ширкат доштанд.Бунафша Одинаева аҳамияти натиҷаи татбиқи барномаи мазкурро баён карда, қайд намуд, ки дар ҳошияи тарҳрезии барномаҳои минбаъдаи давлатӣ лоиҳаи стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бахши мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар ва ҷилавгирии нашъамандӣ барои солҳои 2013 – 2020 пешниҳод шудааст.Дар давраи татбиқи барномаи мазкур беш аз 3 ҳазору 485 килограмм маводи нашъаовар мусодира гардида, 1 ҳазору 55 нафар барои гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар дастгир шуданд.

Декабрь 19, 2012 15:31

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад