Ҷамъбасти озмуни «Нухбагони соҳибкории Тоҷикистон»

Декабрь 24, 2012 12:15

Душанбе, 24 декабр. (АМИТ «Ховар», Марҳабо Зунунова). – Чанде пеш дар Анҷумани миллии менеҷеру маркетшиносони Тоҷикистон натиҷаи озмуни «Нухбагони соҳибкории Тоҷикистон» ҷамъбаст гардида, маросими ботантанаи мукофотонидани ғолибони он баргузор шуд. Дар ин бора аз Анҷумани миллии менеҷеру маркетшиносони Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд. Мақсад аз роҳандозии озмунҳо баланд бардоштани мақоми соҳибкории кишвар бо усули қадр намудани менеҷерҳои муваффақу пешқадам мебошад. Назар ба хабари манбаъ, аз рӯи натиҷаи озмунҳо 15 нафар ғолибони озмуни «Нухбагони соҳибкории Тоҷикистон» муайян ва дар вазъияти ботантана мукофотонида шуданд.

Декабрь 24, 2012 12:15

Хабарҳои дигари ин бахш