Ҷоизаи «Элитаи бизнеси Тоҷикистон» ва «10 менеҷери беҳтарини Тоҷикистон»

Декабрь 21, 2012 15:12

Душанбе, 21 декабр. (АМИТ «Ховар», Ибодат Давлатова),-Имрӯз дар шаҳри Душанбе маросими тантанавии супоридани ҷоизаҳои озмунҳои «Элитаи бизнеси Тоҷикистон» ва «10 менеҷери беҳтарини Тоҷикистон» баргузор мегардад. Дар он Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Шӯрои ҳамоҳангсозии бизнес-ассотсиатсияҳо ва иттиҳодияҳои ҷамъиятии Тоҷикистон ҳамчун шарикон иштирок карданд.  Дар озмуни «Элитаи бизнеси Тоҷикистон» ғолибон аз рӯи номгӯйҳои «Кашфиёти сол», «Боварӣ», «Шарики боэътимод», «Сифат», «Тамғаи мо», «Инноватсия», «Масъулияти иҷтимоии бизнес», «Бизнес-стил», «Пешсафи минтақа», «Музаффарият» ва дар озмуни «10 менеҷери беҳтарини Тоҷикистон» дар номгӯйҳои: «Бонуи соҳибкор», «Менеҷери ояндадор», «Роҳбари ҷўянда», «Роҳбари пурмаҳсул», «Роҳбари навовар» муайян мегарданд.Бояд гуфт, ки озмунҳои «Элитаи бизнеси Тоҷикистон» ва «10 менеҷери беҳтарини Тоҷикистон» бо мақсади ошкор ва тарғиби сарварони соҳаи соҳибкорӣ, таҳкими рақобати солим дар бозор, баланд бардоштани обрӯи ширкатҳои ватанӣ ва рейтинги инвеститсионӣ, вусъати фаъолияти тиҷоратӣ, оммавигардонии ғояҳои масъулияти иҷтимоии бизнес гузаронида мешаванд.Ташаббускори озмун Ассотсиатсияи миллии менеҷерон ва маркетингшиносон ва сарпарасти расмии баргузор намудани озмунҳо Намояндагии «Трасткоммертсбанк» дар Тоҷикистон мебошанд.

Декабрь 21, 2012 15:12

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа