Банкоматҳо бояд ҳамеша фаъол бошанд
Душанбе, 11 декабря. (НИАТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). – Дар Бонки миллии Тоҷикистон бо иштироки роҳбарияти ташкилотҳои қарзии мамлакат машварат баргузор гардид. Дар он вазъи феълии фаъолияти банкоматҳо дар шаҳру ноҳияҳои кишвар, макони ҷойгиршавӣ ва бо пули нақд таъмин кардани онҳо, мушкилоти мавҷуда дар ин бахши хизматрасонии бонкӣ ва паҳлуҳои дигари масъалаи мазкур мавриди баррасии ҳамаҷониба қарор гирифтанд. Аз хадамоти матбуоти БМТ ба мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки дар ҷараёни ҷаласа роҳбарону мутахассисони бонкҳои ҷумҳурӣ фикру андешаҳои мушаххаси худро дар мавриди ҳаллу фасли камбудиҳои мавҷуда дар кори банкоматҳо, таъмини пурра ва саривақтии онҳо бо пули нақд, ислоҳи камбудиҳои техникӣ, ки ба фаъолияти муназзами банкоматҳо монеаҳо эҷод месозанд, баён намуданд. Қайд гардид, ки банкоматҳо бояд ҳамеша фаъол бошанд, то ки соҳибони қартаҳои пардохтӣ тавонанд дар лаҳзаҳои зарурӣ аз хизматрасонии онҳо истифода баранд.








Дар шаҳри Хуҷанд намоиш-фурӯши маҳсулоти мавриди ниёзи аввал баргузор шуд
Дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон иншооти таъйиноти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳавои бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши барф дар назар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Дастовардҳои варзишгарони ноҳияи Ёвон дар соли 2025 муаррифӣ карда шуданд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон соли 2025 бо ҷалби 30 ҳазор аҳолӣ оид ба ҳифзи муҳити зист ҳамоиш гузаронид
Доир ба пешгирии бемориҳои сироятӣ ва ғайрисироятӣ ҳамоиш баргузор шуд
Бунёди неругоҳҳои офтобӣ бо иқтидори 1500 мегаватт Тоҷикистонро ба давлати тавлидкунандаи энергияи «сабз» табдил медиҳад
Big Data дар смартфони Шумо: чӣ тавр операторон пешниҳодҳои махсус омода менамоянд?






