Банкоматҳо бояд ҳамеша фаъол бошанд

Декабрь 11, 2012 10:08

Душанбе, 11 декабря. (НИАТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). – Дар Бонки миллии Тоҷикистон бо иштироки роҳбарияти ташкилотҳои қарзии мамлакат машварат баргузор гардид. Дар он вазъи феълии фаъолияти банкоматҳо дар шаҳру ноҳияҳои кишвар, макони ҷойгиршавӣ ва бо пули нақд таъмин кардани онҳо, мушкилоти мавҷуда дар ин бахши хизматрасонии бонкӣ ва паҳлуҳои дигари масъалаи мазкур мавриди баррасии ҳамаҷониба қарор гирифтанд.  Аз хадамоти матбуоти БМТ ба мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки дар ҷараёни ҷаласа роҳбарону мутахассисони бонкҳои ҷумҳурӣ фикру андешаҳои мушаххаси худро дар мавриди ҳаллу фасли камбудиҳои мавҷуда дар кори банкоматҳо, таъмини пурра ва саривақтии онҳо бо пули нақд, ислоҳи камбудиҳои техникӣ, ки ба фаъолияти муназзами банкоматҳо монеаҳо эҷод месозанд, баён намуданд. Қайд гардид, ки банкоматҳо бояд ҳамеша фаъол бошанд, то ки соҳибони қартаҳои пардохтӣ тавонанд дар лаҳзаҳои зарурӣ аз хизматрасонии онҳо истифода баранд.

Декабрь 11, 2012 10:08

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид